arzon replenishment
Оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор мешавад
343

 

Соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузории ду ҷаласаи муҳим дар назар аст.

Пешниҳод гардидааст, ки дар сурати розигии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Шӯрои иҷроияи Маркази Осиёгӣ ва Уқёнуси Ором барои рушди мудирияти иттилоот оид ба хатари офатҳои табиӣ (APDIM) оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ ва вохӯрии роҳбарони хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дар нимаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад.

Ин пешниҳод зимни сафари хидматии як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати боздид аз сохторҳои наҷоти Созмони миллии идораи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои КҲФ, ҳадафи аввалини сафар боздид аз сохторҳои наҷоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, табодули таҷриба, омӯзиши имкониятҳо ва зарфиятҳои ду ҷониб барои густариши ҳамкориҳои мутақобила дар самти коҳиши хатари офатҳо, пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода будааст.

Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон бо муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Манзур Маъун, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари Созмони миллии идораи офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари созмони ҳавошиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Директори Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди иттилоот дар бораи офатҳои табиӣ мулоқоти дуҷониба анҷом додаанд.

Дар ин дидору мулоқотҳо раиси КҲФ Рустам Назарзода оид ба таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, пешрафтҳо ва дастовардҳои солҳои охир дар ин самт, имконияҳо ва зарфиятҳои Идораи наҷоти кишвар дар ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ, муҳим будани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон дар пешгирӣ аз офатҳои табииву техногенӣ ва коҳиши хатари офатҳо суханронӣ кардааст.

- Ҳамзамон, дар ин росто масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бар зидди абрҳои жоладор, огоҳкунии пешакӣ аз обхезӣ ва хокбориш, мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, омода намудан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳавӣ ва дигар масъалаҳо дар самти фаъолияти хизматӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД