Sebiston new 2024 october
Ҳоҷибибии муштзӯр
14.11.2021
ДИЛОШӮБ
2466

 

Дар зиндагии кӯтоҳи бисту чорсолаам ба хулосае омадам, ки наваду нӯҳ фисади мусулмонии мо дурӯғ аст. Боварамро он қадар шикастаанд, ки дигар ба ҳеҷ кас бовар намекунам. Ёд дорам замони мактабхониям муаллимаи адабиётамон як байти Ҳофизи Шерозиро бисёр зебо ҷилва карда буданд:

Воизон чун ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Он замон ба гӯшаи хотирам ҳам намеовардам, ки замоне мерасаду ман дучори инсоне мегардам дорои ҳамин гуна хислатҳо….

Беҳтараш ман мегӯяму шумо шунавед, хонандагони ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила».

                                 Нозанини кӯча

Дар оилаи миёнаҳол ба воя расидаам, падару модарам ҳар ду дар фабрикаи шир кор мекунанд, падарам ронанда ва модарам бастабанди қуттиҳои ҷурғоту шир мебошад. Ману додаракам дар фазои якдигарфаҳмӣ ва меҳрубонӣ ба воя расидем. Падару модарам ёфту тофташонро сарфи ду фарзандашон мекарданд, хонаи дуҳуҷрагии мо дар як канори шаҳр воқеъ буд. Ба тангии манзил ва зиндагии миёнаҳолонаамон нигоҳ накарда, волидонам онро хуб таъмир намуданд, хонаамон хеле тозаву озода ва зиндагиямон бо низом буд. Падару модарам худашон маълумоти олӣ надоштанд ва мехостанд мо соҳиби диплом шавем, аз ин рӯ, ба дарсҳоямон аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Ман мактабро хатм карда, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббӣ, гурӯҳи буҷавӣ супурдам, вале балҳоям ба коллеҷи тиббӣ расиданду бо дониши худам донишҷӯ шудам. Модарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳусни зоҳирият наноз, зеро бонуро ҳусни зоҳир зиёдтар зарур аст. Ин гуфтаҳои модарамро чун панд ба гӯшам ҳалқа карда бошам ҳам, аммо дар ғайбам нозанини кӯча гуфтани ҳаққу ҳамсояҳо маъқулам буд. Модари ҳунармандам аз синфи ҳафт сар карда, бароям тамоми ҳунарҳои занонаро омӯзонида буд. Хостгорони зиёде доштам, вале волидонам мегуфтанд, ки аввал дипломашро ба даст гирад, шавҳаркунӣ намегурезад. Ҷавонони зиёде аз пуштам кашола шуда мегаштанд, вале ман ба ин гунаҳо аҳамият намедоштам. Баъди як соли донишҷӯ шудани ман, додарам ба донишгоҳ дохил шуду волидонам ифтихор аз он мекарданд, ки мо бо дониши худамон донишҷӯ мешудем. Ба ҳама каму костиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ҳаёти хушбахтонае дошт, оилаи мо, ифтихор мекардам, ки чунин волидони меҳнатию меҳрубон дорам. Новобаста аз касбу кору пулу молашон онҳоро аҳли маҳалла ҳурмату эҳтиром мекунанд.

                             Мантуҳои бахтовар

Дар курси чорум мехондам, ҳамсояи рӯ ба рӯямон гуфт, ки ҳоҷибибиҳоро металбаму модаратро гӯй, ба хонаи мо биёяд. Ростӣ, ҳамон рӯз аз дарс барвақттар омада, зувола гирифтаму манту пухтам, чун ҳама аҳли оилаи мо намозхон буданду ба диндорон эҳтироми бузург доштанд, аввал дар як табақи калон манту кашида, хонаи ҳамсоя бурдам. Модарам аз кор дертар омаданду хӯрок нахӯрда, хонаи ҳамсоя гузаштанд, пас аз чанде бо як зани қоматбаланди сафедпӯш вориди хона шуда гуфтанд:

-Нигораҷон, ба ҳоҷибибӣ кӯмак намо, то намозашонро хонанд. Он зан аввал таҳорат карданду баъд намозашонро хонда, даҳ –понздаҳ дақиқа бо ману модарам саволу ҷавоб карда рафтанд ба хонаи маъракадор. Баъди як моҳи ҳамин воқеа аз ҷониби ҳамон ҳоҷибибӣ, ки муаллима низ будааст, ба хонаамон хостгор омад. Ҳамсоязан гуфт, ки он занро хуб намешиносад, танҳо ҳамроҳи модараш сафари ҳаҷ кардааст, вале ин хонум моро ором намонд. Гуфт, ки шавҳараш аз олам гузаштаасту ду писару ду духтар дорад, се нафараш соҳиби хонаву дари худанд ва маро барои писари кенҷааш келин карданӣ аст.

-Ман муаллимаам, шавҳарам марди сарватманд буд, ҳар ду писарам дар корҳои сердаромад кор мекунанд, писари калониро ҷудо мекунаму ҳавлиҳои дуошёнаи зебо ба духтари шумо мемонад. Падару модари ман гуфтанд, ки онҳо камбағаланду мисли худашон қудои камбағал мекобанд, аммо Ҳоҷибибӣ намонд, ки намонд. Ӯ ба модарам гуфт, ки ман духтари туро аз мантуҳои пухтааш хуш кардам, худам кадбонуи хубам ва мехоҳам келинҳоям ҳам чунин бошанд. Тақдир будааст, ки ман келини ҳоҷибибӣ шудам.

                                   Дӯзах дар қаср

Ду моҳ дар фотеҳа будам, хушдоманам, ки гумон мекардӣ омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаб не, устоди мадраса аст, бо панду андарз ҷиҳоз оварду тӯйи бошукӯҳе ороста, маро ба хонааш бурд. Ҳамсарам ҷавонмарди зардинаи қоматбаланди зебое буд, аз нигоҳи аввал дӯсташ доштам. Ӯ низ ба ман меҳрубон буд, вале аз гапи модараш як қадам берун намемонд. Зиндагӣ дар қаср бароям он қадар мақбул набуд, зеро шавҳарам маро дигар ба коллеҷ рафтан намонда, худаш пул дода, дипломамро гирифт. Ман ба хизматгор мубаддал гашта будам, соати чори саҳар хеста, аз пайи кору бор мешудам, соати дувоздаҳи шаб ба бистар медаромадам. Азоби ман дар қасрҳои забарҷад аз он рӯз сар шуд, ки ҳомиладор шудаму дигар наметавонистам ҳама кору бори хонаро иҷро кунам. Хушдоманам барои дер иҷро намудани дилхоҳ кор чунон сарзанишам мекард, ки талхаам мекафид:

-Тирмизак, ҳомиладорам гуфта, дигар оби шикамашро намеҷунбонад, мо ҳамин бачаҳои хушрӯро ҳам кори давлат кардаву ҳам кори хона тарбия кардем, ноза кам куну хез.

Оҳиста –оҳиста хушдоманам ба таҳқиру таҳвин гузашт, гадодухтара дар қаср ҷо кардему бало шуд. Хоҳаршӯйҳоям низ ҳар гоҳе биёянд, якҷоя тамоми хонаву дарро ба дили худашон тамиз мекарданд, ҳарчанд ягон ҷо чирк набуд. Онҳо маро таъна мезаданд, ки ин аз катаки мурғ баромада, аз куҷо медонад, ки кори хона чист? Як рӯз ба хушдоманам гуфтам, ки “очаҷон, шумо ку аз катаки мурғ будани маро медонистед, чаро келинам кардед?” Ҳамин вақт ҳоҷибибии амри маъруф мекардагӣ мӯйҳои мани ҳомиларо ба панҷаҳои гирояш гирифта, зери мушту лагадам кашид….

                             Талоқи хушдоман

Пас аз ҳамон воқеа ҳоҷибибии муштзӯр дигар дасташро боз надошт, худаш бас набуд, ки шӯр меандохту шавҳарам низ маро мезад. Бо ҳамин аҳвол соҳиби як духтару як писар шудам, табиист, ки нигоҳубини тифлон вақтамро мегирифту ба кору бор намерасидам, ин дастаке буд барои хушдомани ҷоҳили ман. Вай маро мезаду боз маҷбур мекард наздаш бо зону зада, бахшиш пурсам. Оҳиста-оҳиста асабам вайрон шуд, рӯҳан бемор шудам, зиёд мегиристаму ба модарам дарди дил мекардам, модарам насиҳатам мекард, ки ором бош, ҳамааш мегузарад. Хушдоманам рӯзи дароз дар мактаб буду аз дарс омада, ба хонаи худаш даромада хоб мерафт, хӯрокашро низ ҳамон ҷо мехӯрд. Як шом угроям шӯр омаду хушдоманам таънаю тағораам карду бо кафлез чандто дар сарам зад. Ростӣ, ҷонам дард карду косаи оби дар пешам бударо барӯяш пошидам ва сар шуд қиёмат…

Ӯ ҳамаи фарзандонашро ҷеғ зад, хоҳаршӯйҳоям маро заданд, ҳеварам, ки аз дасти ин модар се бор хонавайрон шудааст, ҳафт пуштамро ҳақорат дод, шавҳарам сару рӯямро зада кафонд ва бо фармони модараш талоқамро дода, маро ба хонаамон оварда монд…

Инак, чор моҳ мешавад, ки дар хонаи модарам зиндагӣ дорам, касе аз пайвандони шавҳарам аз ҳолам хабар намегиранд. Шавҳарам, ҳатто ба хабаргирии фарзандонаш намеояд. Намедонам ҳолам чӣ мешавад, вале қарор додам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба он дӯзах бар нахоҳам гашт. Бо мушкилӣ ҳам бошад, фарзандонамро калон мекунам, хушдомани дурӯяамро, ки панҷ вақт намозашро тарк накарда, ҳамеша ба ашхоси бегона садақа мекунад, ба Худо супоридаам...

Худо сариштаат кунад, беимон!

                                                                                              

                                                                                    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД