Сафар бар "Хонаи Худо" орзуи хар як мусалмон аст. Блогер ва модели машҳури тоҷик Рухшона Каримова, ки бо лақаби Софӣ (soffi_1111) машҳур аст, рӯзи 12-май бо ҳамроҳии бародараш аз Русия ба зиёрати "Хонаи Худо"сафар карда, дар ин бора дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дода буд.
Аз хабарҳои охирини ин бонуи шинохта маълум мешавад, ки ба наздикӣ Софӣ аз зиёрати ҳаҷ бармегардад.
"Дирӯз ин болгер дар як саҳифаи худ дар дар Инстаграм чунин навиштааст: “Ба мо роҳи сафед. Дил кандан аз ин макон бароям хеле душвор аст. Дилам то абад дар ин ҷо мемонад..."
Ҳамагон мехоҳанд бидонанд, ки Софӣ ба Тоҷикистон меояд ё ба Русия. Дар ин бора зимни суҳбат яке аз наздикони блогер ба сомонаи Оила.тч хабар дод, ки Софӣ аввал ба Маскав назди модараш рафта, баъди чанд рӯз ба Тоҷикистон меояд.