Ману Гулшан аз ҳамдигар ҷудо шудему фарзандонам ҳамроҳи модарашон рафтанд. Ҳар моҳ алимент супорам ҳам, вале аз дурии се гулписарам дилам хун мешуд. Аслан ман дили аз бахти аввалам ҷудо шудан надоштам, аммо ба рӯйи бахти мо бародараш хати батлон кашид.
Вай аз ман пули калон гирифта ба тиҷорати мошин машғул шуд, лекин кораш омад накарда, муфлис шуд. Борҳо ҳамсарамро барои бар гардонидани пул ба хонааш равон кардам, вале “надорам” гуфта, навмед гуселаш мекард. Ростӣ, ман қасди Мӯсоро аз Исо гирифта, занамро ранҷу азоб медодам. Рӯзе тасодуфан дар кӯча бо бародараш вохӯрдем. Пуламро талаб кардам. Ба ҷойи миннатдорӣ вай бо ман даст ба гиребон шуд. Дар сари қаҳр чи тавр “аз баҳри пул ҳам гузаштаму аз баҳри хоҳарат ҳам, талоқашро додам, метавонӣ худи ҳозир ӯро гирифта барӣ” гуфтанамро худам ҳам нафаҳмида мондам.
Бародараш ҳамон замон мошин оварда чизу чораи хонаро бор кард ва зану фарзандонамро гирифта бурд. Танҳо пас аз он, ки хона холӣ шуд, ақлам ба сарам зада аз сухани ба забон овардаам сад бор пушаймон шудам, вале оби рехтаро дигар бардошта намешуд. Бо рафтани зану бачаҳоям маънии зиндагиям гум шуда хона дар назарам зиндон гашт. Ҳар шом бо умед аз дар медаромадам, ки ҳозир бачаҳоям “дадаҷонам омад” гӯён ба пешвозам мебароянд, аммо ба хонаи холӣ даромада боз бо ҳақиқати талхи зиндагӣ рӯ ба рӯ мешудам. Модарам баъди як соли ҷудоиямон маро дубора зан дод, то ғами дилам сабуктар шавад, вале зани дуюм ба ман муҳаббати ҳамсари авваламро дода натавонист.
Гулшан маро дӯст медошт ва ҳамеша ҳурмату эҳтиромамро ба ҷо меовард, арӯси нав бошад, ким-чихел дилхунук ва ҳама рафтораш сохтакорона буд. Тоқат карда зиндагӣ мекардам, то мардум нагӯянд, ки ин бача занҷаллоб шудааст, вале қасд кардагӣ барин, занам ҳеҷ ҳомиладор намешуд. Ба беморхона бурдам, духтурҳо гуфтанд, ки киста дорад. Ҷарроҳӣ кардем. Аз рӯйи гуфти табибон баъди ҷарроҳӣ занам бояд ҳомиладор мешуд, вале чор сол гузашту нахли умрамон ҳеҷ боровар нашуд. Имрӯз ба нохуни фарзанд зорам ва худ ба худ мегӯям: оҳи дили бачаҳоям маро гирифт!
Манучеҳр Салимов, ш. Роғун