Талоқ баъди тавлиди фарзанд
Ман қариб ҳар рӯз дили хушдоманамро сиёҳ кунам ҳам, кампир гапу кори байнамон мешударо ягон бор ба писар ва шавҳараш намегуфт, вале як рӯзи наҳс бо мдаршӯям ҷанҷол доштам, ки якбора шавҳарам аз дарвоза даромад. Вай гапҳои талхи ба хушдоманам гуфтаи маро аллакай шунида буд ва “ту чи ҳақ дорӣ, ки бо модари ман ин хел муносибат мекунӣ” гуфта, дар 8-соли зиндагиамон бори аввал ба бари рӯям як шаппотӣ зад. Хушдоманам боз тарафи маро гирифта гуфт, ки ҳеҷ гап нашудааст, вале шавҳарам “очаҷон, ин морро шумо худатон ганда кардед. Келинам баъди 8 сол бачадор шуд гуфта ӯро чунон эрка кардаед, ки болои сари ҳамаамон баромадааст. Ман кайҳо боз рафтори ноҷояшро мушоҳида карда будам, вале ҳарчанд пурсупс мекардам, шумо ҳамеша ӯро тарафгирӣ карда мегуфтед, ки ҳамааш хуб асту келинам духтари тиллост. Имрӯз чеҳраи аслиашро ман бо чашмони худам дидам. Илтимос, дигар ӯро тарафгирӣ накунед, агар аз ҳозир ман лаҷомашро накашам, пагоҳ ин занак теппаи сарам мебарояд”гӯён, маҷбур кард, ки аз модараш бахшиш пурсам. “Модарам пир шудаанд, эркагӣ бас аст, минбаъд кӯдакро баҳона накарда, тамоми кору бори хонаро худат мекунӣ. Агар як бори дигар ба сари мдарам дод заданатро бинам, забонатро аз ҳалқат канда мегирам” таъкид кард шавҳарам.
Ҳамон рӯз агар мани беақл аз модаршӯям бахшиш пурсида, аз паси зиндагӣ мешудам, шояд ягон ҳодиса рӯй намедод, вале оқибаташро фикр накарда, мағрурона “ман аз ҳеҷ кас бахшиш намепурсам. Ҳамин хонаатон аз саратон монад” гӯён, кӯдакро саросема аз гавҳора кушодаму қаҳр карда ба хонаи падару модарам рафтам.
Оқибати худхоҳӣ
Модарам ҳар рӯз насиҳат карда мегуфтанд, ки “духтарам, зиндагӣ бозича нест, саратро хам карда раву бахшиш пурс, хушдоманат одами хуб аст, аз гуноҳат мегузарад, охир шумо акнун фарзанд доред, ояндаи писаратро фикр кун”, аммо мани худпарасту мағрур “ман ҳаргиз пеши касе сар хам намекунам, даркор бошад, бигзор шавҳарам худаш омада аз ман бахшиш пурсад, он вақт меравам” мегуфтам, зеро боварӣ доштам, ки бо тавлиди арзанд шавҳарамр бе банд бастааму ба хотири писараш тамоми гуноҳҳоямро бахшида, ҳатман боз ба суроғам меояд, аммо афсӯс, ки чунин нашуд. Ба сарам мадан он тараф истад, шавҳарам чунон аз ман дилхунук будааст, ки ҳатто як бор занг зада нагуфт, ки занак, ману ту фарзанд дорем, ба хона баргард.
Шавҳарам зан гирифту...
Моҳҳои аввал ман фикр мекардам, ки албатта як рӯз не, як рӯз шавҳарам пушаймон шуда меояд аммо баъди шаш моҳ хабар ёфтам, ки вай оилаи нав бунёд карда, бо тӯю тамош зани духтар гирифтааст. Як сол нагузашта зани нави шавҳарам дугоник-ду писар таваллуд кард. Ман аз ӯҳдаи нигоҳубини як кӯдак набаромада, баҳна мекардам, ки писарам шабҳо нағз хоб намераваду бехобӣ мекашам, вале зани дуюми шавҳарам дугоник зоида бшад ҳам, дасташ ба ҳама кору бори хона расида, бар замми ин, хушдомамро аз духтари худаш ҳам хубтар нигоҳубин мекардааст. Чанд духтари ҳамсоя, ки бо мпан дугна шуда буданд, баъзан ба хонаамон меҳмонӣ омада мегуфтанд, ки палонҷат ба ҳар шаб пойҳои хушдоманатро маҳс карда, дуои некашро мегирад ва намемонад, ки кампир дасташро ба оби сард занад. Аз забонаш шаҳду шакар борида фақат “очаҷон, шумо фақат дар пеши гаҳвораи набераҳоятон хоб рафта дам гиред, ман худам ҳама кору бори хонаро худам мекунам, охир келин барои ҳаимн лозим аст” гӯён, дар атрофи хушдоманаш парвона аст.
Бо шунидани ин гапҳо ман азк орҳи кардаам пушаймон гашта бошам ҳам, дигар аз пушаймонӣ суде набуд...
Ақлам ба сарам зад, вале...
Ростӣ ба зани нави шавҳарам ҳавасам меояд, чунки дар синну сол вай аз ман хеле ҷавонтар бошад ҳам, нисбат ба ман хеле боақлтар будааст. Ин духтараки ҷавон бо забонширинию чаққонӣ дили шавҳару хушдомани маро ёфта, соҳиби хонаву дар ва зиндагии орому осуда гашт, мани беақл бошам, хонаи бахтамро ба дасти худам вайрон кардам. Танҳо баъди он ки шавҳарам зани дигар гирифт, дарк кардам, ки ягон мард занеро, ки модарашро эҳтиром намекунад, дӯст намедорад ва вақте дили мард аз зиндагӣ хунук шуд, дигар зан на бо фарзанд ӯро нигҳ дошта метавонаду на бо роҳу восиати дигар. Имрӯз подоши ҳамаи бадиҳоро, ки ба хушдомани беозорам рав дидам, дида истодаам. Оилаи ободамро бо дасти худам вайрон карда, ман таънашунави янгаву ака ва хешу табор гаштам ва фарзанди ягонаамро аз падараш зиндаҷудову ятим гардондам.
Сарнавиштамро ба н хотир нақл кардам, ки ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат гашта, хатои маро дар зиндагӣ ҳаргиз такрор накунанд. Илтимос, хушдоманро азоб надиҳед, зеро хушдоман ҳам модар аст, модарон бошанд, ҳаргиз бадии фарзандони худро намехоҳанд.
Бо эҳтиром: як бонуи хатокор
Таснифи Абдуғаффор Шодиев