Arzon march 2024
ОҲИ ДИЛАМ ТУРО ГИРАД ҲИКМАТУЛЛО
28.11.2020
ОИЛА
4675


Салом, кормандони сомонаи "Оила". Аз он хело шодам, ки ахли маърифат чунин сомонаи дардошноро пешкаши мардум месозанд.

Инчунин болидагиям аз он хотир аст, ки тавассути ин ҳафтавор дарди дили ҳаводоронаш ба табъ мерасаду ба онҳое, ки дар зиндагӣ раҳгум задаанд, маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Инак, ман низ мехохам сарнавишти худро рӯи саҳифа оварам. Ман дар яке аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳуриямон таваллуд шуда, ба воя расидаам. Дар мактаби миёна бо бахои хубу аъло мехондам. Орзуи муаллима шуданро аз хурдӣ дар дил мепарваридам. Зеро мехостам ба насли наврас дарс гӯяму азизи шогирдони худ бошам. Лекин, чӣ хеле ки ҳазрати Бедил мефармоянд:

Аз ғалат холӣ набошад, ҳеҷ хат,
Хатти тақдир аст холӣ аз галат.

Ҳамин ки мактаби миёнаро хатм кардам, дар ҷумҳурӣ кашмакашҳои бемаънӣ оғоз шуданд. Ман барои таҳсилро давом додан имконият наёфтам. Бинобар ҳамин, бо маслихати наздиконам дар яке аз корхонаҳои ноҳия ба кор даромадам. Ба ростӣ, ҳангоми дар ин корхона кор карданам чандин ҷавонон ба ман изҳори муҳаббат намуданд. Баъзе аз ин таклифҳоро шӯхӣ дониста баъзеи дигарашонро ба инобат намегирифтам. Ба ишқ, заррае боварӣ надоштам. Як рӯз барои кори муҳиме озими Душанбе шудам. Вақте дар истгоҳ интизори автобус меистодам, қатра-қатра борон меборид. Ин аз оғози баҳор шаҳодат медод. Мусофирони дар истгоҳбуда як-як ба мошинаҳои боркашу шиносҳояшон савор шуда, сафашон то рафт кам мешуд. Вақт мегузашту вале аз автобус дараке набуд. Як вақт ба атроф нигаристам, дар истгоҳ ба ғайр аз худам дигар касе нест. Ба худ карор додам, ки ба хона бармегардам. Рӯз аллакай аз нисф гузашта буд. Дар ҳамин асно мошинаи сабукраве омада дар наздам истод. Дар дохили мошин ҷавони ситорагарме менишаст. Вай маро таклифи ба мошин нишастан кард. Намедонам чӣ кувваи ноаёне маро мачбур кард, ки ба мошин нишастам. 

Тамоми роҳ ман худамро барои ин корам сарзаниш мекардам, ки чаро бо ҷавони ношинос ба мошин нишастам. Ҳамин ки вориди шаҳри Душанбе шудем, ман аз вай хоҳиш намудам, ки мошинро нигоҳ дорад. Вай низ дарҳол нигоҳ дошт. Ман аз мошина фаромада, хостам бо вай ҳаққи хизматашро дихам. Вале вай мақсадамро фаҳмида бо табассуми ширине: "Меранчонӣ, духтари нагз. Лозим не хатто номамро напурсида аз назарам ғоиб шуд. Баъди ин вохӯрӣ бо Ҳикматулло аз байн як-ду ҳафта гузашт. Боре пас аз кор ба ҳона мерафтам. Банохост, касе аз кафо "Салом, духтари нагз"- гӯён диққати маро ба худ ҷалб намуд. Баргашта нигоҳ кардам - Ҳикматулло. Ман низ ҷавоби саломашро дода, намудам. Ҳикматулло таклиф кард, ки ба қаҳвахона даромада нӯшем. Аммо ман танг будани вақтро баҳона намуда, ин таклифашро рад намудам. "Ақалланоматро мегуфтӣ". Ман номамро ба ӯ гуфта, зуд-зуд кадам монда аз наздаш рафтам. Ҳамин ки ба хона расидам, тамоми шаб хобам набурд.
Банди диламро дарде месӯхт.Симои ҳалимона ва табассумҳои ширини Ҳикматулло аз пеши назарам дур намешуд. Ҳис кардам, ки ба вай ошиқ шудаам. Ҳикматулло низ тез-тез дар кӯчаҳо бо ман вомехӯрд. Дар вақти вохӯрӣ кӯшиш мекардам, ки сӯҳбатамон тӯлонӣ набошад. Мақсадам аз он иборат буд, ки Ҳикматулло аз ҳиссиёти ботиниям чизеро ҳис накунад. Як рӯз ҳангоми вохурии навбатӣ Ҳикматулло ба сари мақсад омад.
- Медонӣ ман туро дӯст медорам. Дар оянда ҳамсари ман хохӣ шуд. Бовар намо, бе ту дунё бароям ҳеҷ аст. Дар ҳоле ки Ҳикматулло аз банди дастонам дошта, чунин суханҳоро мегуфт, ман ҳамчун кабӯтаре дар фазои покизаи ишк парвоз доштам. Бовар кардам ӯро. Зеро аввалин касе буд, ки ба тамоми ҳастӣ дӯсташ дошта будам.
Аз ин пас мо ҳафтае як ё ду бор вомехӯрдем. Якҷоя ба сайру гашт мерафтем. Акнун Ҳикматулло бе ягон мамоният ба ҷои кори ман меомад. Қиссаи ишқи мо қиссаи ишқи Лайлию Маҷнунро мемонд. Ин вохӯриҳои мо чор сол давом кард. Ҳар боре ки бо Ҳикматулло оиди хонадоршавӣ сухан оғоз мекардам, дар ҷавоб мегуфт, ки ҳоло сабр намоям. Иншооллоҳ, ба наздикӣ тӯй хоҳем кард. Дӯсташ, ки медоштам, ба гуфтаҳояш бовар кардам.

Ногаҳон Ҳикматулло тайи чанд рӯз бедарак шуд. Ман аз набудани вай хавотир шуда, роҳи деҳаашонро пеш гирифтам. Дар наздикии деҳаашон фаҳмидам, ки вай баъди ду-се рӯз бо духтари дигаре тӯй мешудааст. Дунё дар назарам торик гашт. Хостам ба хонаашон рафта, ин рафтори ноҷавонмардонаашро дар арафаи тўяш ба ҳама наздиконаш гӯям. Лекин шарму ҳаёи духтаронаам садди роҳам шуд.
Баъди гузаштани чанд вақт боз дар маркази ноҳия пайдо шуд. Рузе вай пеши роҳамро гирифта, хоҳиш кард, ки соате ба гуфтораш душ диҳам. Ман ба ў чизе нагуфта, ба ғӯрури сохтакоронае аз наздаш гузаштам. Аммо ҳоло ҳам дӯсташ медорам. Дунёи ишқ чун мани шайдо надидааст, зеро зи ишқ шуд ғами шабҳо насиби ман. Чӣ кор кунам?
Аз редаксия:
Тачрибаи рӯзгору имтиҳони зиндагӣ баъзан бо нархи ҷон баробар меоянд. Баъзан суде намекунанд… Сад дилро бо шубҳа рад мекуниву саду якуминаш туро фиреб медиҳад. Гоҳо рӯзгор ҳиммат баланд медораду бахте, давлате атоят месозад, ки ҳама доғи дилат сутурда мегардад. Ҳарфе, сухане низ таскини дилат мегардад, Оё дили Шоираро касе таскин дода метавониста бошад? Мо интизори номаҳои шумоем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД