Аз 16 то 19-уми август дар шаҳри Бохтар ва баъзе минтақаҳои мамлакат баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10 мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) дар назар аст.
Тавре дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо сабаби омилҳои метеорологӣ - чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз эҳтимол дур нест.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳо шаҳрвандон аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.