Gazprom july 2025
Офтобзадагӣ ба одам чӣ хатар дорад?
16.08.2025
Oila.tj
101

Август моҳи охирини фасли тобистон бошад ҳам, ҳаво ҳанӯз хеле гарм буда, гаштугузор дар зери нурҳои сӯзони офтоб метавонад боиси офтобзадагӣ гардад.

Вақте ки одам муддати тӯлонӣ дар зери нурҳои тафсони офтоб гаштугузор мекунад, гардиши хун дар майнаи сар тез мешавад. Аз ҳамин сабаб ҳангоми офтобзадагӣ бештар сар ба дард даромада, мариз ҳатто аз ҳуш рафта метавонад.

Нишонаҳои дигари офтобзадагӣ дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, сустшавии дасту пойҳо ва дарунрав мебошанд.

Ҳавои гарм ва офтобзадагӣ хосса барои касоне, ки ба фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он, иллатҳои гуногуни шуш ва узвҳои дигари роҳи нафас гирифтор мебошанд, хавфнок аст.

Бояд гуфт, ки нурҳои сӯзони офтоб ба пӯсти инсон низ таъсири манфӣ мерасонанд ва метавонанд боиси пеш аз муҳлат пир шудан, гирифтор гаштан ба саратони пӯст ва меланомаҳо гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД