Arzon admin
Офтоб коллагени пӯстро нобуд месозад
623

Нигоҳубини пӯст дар тобистон бояд аз амалиётҳои тозакунӣ, нармкунонӣ ва муҳофизат иборат бошад. Яъне, субҳгоҳон баъди аз хоб хестан бо малҳам ё маҳлуле, ки маҳз барои шустан ва тоза кардани пӯст муқаррар гаштааст, пӯстро тоза карда, баъдан малҳами нармкунанда молидан лозим аст.

Агар шумо ба рӯй малҳами ҳамранг (тональный) мемолида бошед, ҳатман бегоҳирӯзӣ пеш аз хоб низ пӯсти рӯйро бо малҳами поккунанда тоза карда, баъдан малҳами ғизобахши шабона молида хоб равед. Тавре ба шумо чандин маротиба ёдрас кардаем, дар фасли гармо муддати мадид зери офтоб қарор доштан пўстро месўзонаду сурх мекунад, аз ин хотир, рўятонро аз нурҳои ултрабунафш, ки ба пўст таъсири манфӣ мерасонанд, ҳифз намоед.

Нигоҳубини пӯст дар тобистон

Дурудароз дар зери офтоб гаштугузор намуда, мо торҳои коллагении пўстро вайрон мекунем, ҳол он ки маҳз ҳамин торҳо барои ҷавониву чандирии пўст ҷавобгў ҳастанд. Вайрон гаштани ин торҳо боиси пажмурдагӣ ва бармаҳал пиршавии пўст мегардад, аз ин лиҳоз ҳангоми интихоби малҳами тобистона ба таркибаш диққат диҳед. Хуб мебуд, ки малҳам дар баробари нармкунанда буданаш аз офтоб низ ҳифз намояд. Дар фасли тобистон ҳамарўза малҳам барои пўсти атрофи чашмро истифода бурдан лозим аст. Малҳам бояд пўсти нозуки атрофи чашмро муҳофизат намуда, ботароват созад, зеро чинҳои аввалини мимикӣ маҳз дар ҳамин мавзеъ пайдо мешаванд, таъсири нурҳои ултрабунафш бошад, ин ҷараёнро метезонад.

Нигоҳубини пўстро дар тобистон ҷиддӣ ба роҳ монед. Пардози рўятонро бо шира (молочко) ё саршир (сливки) тоза мекарда бошед, дар тобистон аз обу мағзоба (пенка) истифода баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД