sebiston july new
Офати табиӣ ҷони 26 касро рабуд
608


Дар иёлотҳои Миссисипи ва Алабамаи ҷануби ИМА бар асари тундбоди маргбор, ки шаби шанбе мушоҳида шуд, дастикам 26 нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз офати табиӣ бештар шаҳраку деҳаҳои хурд зарар дидаанд. Дарахтон афтода, хатхои барқ бурида шудаанд ва даҳҳо хазор хонаҳо бе барқ монданд.
Шаҳраки Роллинг Форк, ки дар ғарби Каунти Шарқи ҷойгир аст, қариб тамоман аз байн рафтааст. Дар ин ҷо ду ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард.
“Ман дар умрам чунин балоро надидаам. Як шаҳраки аҷоиб буд ва ҳоло нест ” гуфтааст, сокини маҳаллӣ Бренди Шова, дар мусоҳиба бо CNN.
Тӯфони шадид нимашаб оғоз шудааст. Дар ин вақт одамон хоб буданд ва садои ҳушдорро нашунидаанд.
Барои бисёриҳо аввалин аломати офат садо буд. Ба гуфтаи Франсиско Макнайт, зинда мондани ӯ як мӯъҷизаи бузург аст. Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ вай мегӯяд, ягона нишонаи руҳ додани ягон ходисаи бад ин садо буд, зеро то он дам ҳеҷ гоҳ ин гуна садои даҳшатноки бодро нашунида буд.
Макнайт ба кӯча нигаристу баъд ба ҳаммом давид ва ба ванна даромад. Ба гуфтаи худаш, ин амал ӯро наҷот додааст, зеро аз хонааш факат ду девори ҳаммом боқӣ мондаасту халос.
Назар ба гуфти Макнайт, тӯфон 5-10 дақиқа давом карда, ин вақтро вай дар ванна нишаста бо эҳсоси даҳшат гузаронидааст.
Наҷотдиҳандагон мегӯянд, мардуми зиёдеро аз зери харобаҳо баровардан лозим омад. Дар ноҳияи Шарқи чанд афсари навбатдори полис низ бедарак шудаанд.
Ҳамчунин, дар қисматҳои ҷанубии Миссисипи жолаи ба тӯби голф монанд боридааст. Ҷон Браун, намояндаи Салиби Сурх дар Алабама ва Миссисипи гуфт: "Мо саъй мекунем, ки паноҳгоҳ, ғизо ва кумаки тиббӣ фароҳам орем, то афроде, ки ҳама чизро аз даст додаанд, хоб кунанд."
Ба гуфтаи ӯ, шаҳр қаламрави амалиёти низомиро ба ёд меорад. Вай гуфт: «Чунин ба назар мерасад, ки дар ин ҷо гӯё бомба таркидааст."
Президенти ИМА Ҷо Байден ба мардуми манотиқи осебдида изҳори ҳамдардӣ карда гуфтааст, ки ҳукумат барои кӯмак ба осебдидагон ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад.
Дар Миссисипи вазъияти изтирорӣ эълон шуда, ҷустуҷӯи аз ин туфон наҷотёфтагон идома дорад. Агентии ҳолатҳои фавқулоддаи Миссисипи ҳушдор додааст, ки ҳангоми тоза кардани харобаҳо шумораи кушташудагон афзоиш хоҳад ёфт.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД