shoh palace
Офарин ба духтурони Ванҷ!
1636


Бемороне, ки дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ бистарӣ буданд, баъди 14 рӯзи табобат имрӯз рухсат шуда ба хонаҳояшон ҷавоб шудаанд.

Мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ, доктори ҷавон Маъсумӣ Ниҳмонов низ баъди 14-рӯзи табобату қаҳрамонӣ имрӯз ҳамроҳ бо ин беморони сиҳатёфта аз шуъба берун омадааст.

Ҳоло дар ин шуъба як нафар бемор бистарӣ асту халос ва шуъба барои пазироии беморони эҳтимолӣ омодагӣ дорад.

Худованд ба ҳама беморону рухсатёфтагон саломатӣ ва шифои комил бидиҳад.

Ба духтурони исодаму шифокори Ванҷ ҳам дар амри хидмат ба мардум сарбаландиву неруву тавони бештар мехоҳем. Шумо дар воқеъ қаҳрамони рӯзед!


Акс ва маълумот аз доктор Хайруллобек Мастуллоев

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД