Arzon march 2024
Оё суғуртаи тиббӣ ба муҳоҷирон зарур аст?
2610

 

Оё суғуртаи тиббӣ ба муҳоҷирон зарур аст?

  1. Манфиатҳои суғуртаи тиббӣ
  2. Намудҳои суғуртаи тиббӣ
  3. ОМС барои чӣ лозим аст?
  4. Корфармоён муҳоҷиронро суғурта мекунанд?
  5. Мустақилона ширкати суғуртавӣ ҷӯед, агар...
  6. Намудҳои полиси суғуртавии ОМС
  7. ДМС доштан ҳатмист?
  8. Барои надоштани суғуртаи тиббӣ “депорт” мекунанд?
  9. ДМС дар беморхонаҳои шахсӣ ба кор меравад?
  10. Муҳоҷире, ки кор надорад аз ДМС истифода бурда метавонад?
  11. Интихоби ширкати суғуртавӣ
  12. Дар сурати гум кардани полиси суғуртавӣ чи бояд кард?

 

Дар ҷаҳони муосир сари ҳар қадам ба сари инсон ягон фалокат омада метавонад, бинобар ин, одамон ба хотири амнияти хеш молу амвол, хонаву мошин ва ҳаёту саломатиашонро суғурта мекунанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар қатори дигар қишрҳои аҳолӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хизматрасониҳои мухталифи суғуртавӣ истифода кунад. Яке аз намудҳои хеле маъмул ва зарурии суғуртаи иҷтимоӣ суғуртаи тиббӣ мебошад.

 Манфиатҳои суғуртаи тиббӣ

Касе кафолат дода наметавонад, ки шумо дар мулки бегона бемор намешавед ё ҳамеша соҳиби кор ва пулу мол хоҳед буд, бинобар ин, бастани шартномаи суғуртаи тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои ҳифзи саломатӣ хеле зарур аст. Суғуртаи тиббӣ ба шумо имкон медиҳад, ки дар сурати гирифтор шудан ба ягон фалкат ё беморӣ ба таври ройгон, яъне бо полиси суғуртавии худ ташхис ва табобат намоед.  

Намудҳои суғуртаи тиббӣ

Дар Русия ду намуди суғуртаи тиббӣ маъмул аст, ки яке ОМС ва дигарӣ ДМС ном дорад. ОМС барномаи ройгони суғуртаи ҳатмии тиббӣ мебошад. Полиси суғуртавии ОМС имкон медиҳад, ки шахс дермонгоҳ, табибон ва ширкати суғуртавиро худаш интихоб намояд ва сарфи назар аз он ки дар кадом минтақаи Россия қарор дорад, ба табибон муроҷиат карда, аз ташхис гузарад ва табобат бигирад.

ОМС барои чӣ лозим аст?

Муҳоҷирони меҳнатие, ки иҷозатномаи муввақатии буду бош дар Федератсияи Россия (РВП) ё иҷозат барои зиндагӣ (ВНЖ ё Вид на Жителство) доранд, дар қатори шаҳрвандони Россия метавонанд аз суғуртаи ҳатмии тиббӣ истифода баранд, вале мӯҳлати ОМС-и ин табақа бо охир расидани мӯҳлати РВП ё ВНЖ ба анҷом мерасад.

ОМС имкон медиҳад, ки шумо:

  • Ба дармонгоҳи муайян, машваратхонаи занонаи муайян (женская консультация) ё духури муайян вобаста шавед.
  • Дар дилхоҳ вақту замон бо ҳамин полис кӯмаки тиббӣ бигиред.
  • Кори шуморо ҳангоми додани фарзандонатон ба кӯдакистон ва мактаб осон мекунад. (Ҳар як кӯдак бояд полиси суғуртавии худро дошта бошанд)

омс имкон

Шахсоне, ки полиси суғуртаи ҳатмии ОМС доранд, ба доираи васеъи хизматрасониҳои тиббӣ дастрасӣ пайдо мекунанд:

  • 3. Бистарӣ шудан дар беморхонаҳои давлатӣ, гузаронидани тахшисҳои зарурӣ ва гирифтани машваратҳои тиббӣ аз табибони баландихтисос, супурдани хун ва дигар намудҳои анализ барои аниқ кардани беморӣ, ба таври ройгон дастрас шудани дорую давое, ки табибон мефармоянд.
  • Табобати амбулаторӣ дар дилхоҳ дармонгоҳи Русия ҳангоми беморӣ.
  • Кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҷароҳат бардошан, гирифтор шудан ба бемориҳои ҷиддӣ ва заҳролудшавӣ.
  • Гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ дар зарурат.
  • Истифода бурдан аз хизмати духтурони дандон.
  • Баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои зарурии тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд.

Корфармоён муҳоҷиронро суғурта мекунанд?

Муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия ба таври расмӣ кор мекарда бошад, худи корфармо бояд барои ӯ полиси суғуртавӣ бигирад. Дар ин ҳолат танҳо ҳуҷҷатҳои зеринро ба буҳосиботи корхона пешкаш кардан кифоя аст:

1.Ариза бо забони русӣ

2. Шиноснома бо тарҷумаи тариқи нотареалӣ тасдиқшудааш.

Ҳуҷыатҳои дигари заруриро худи корхона пешниҳод хоҳад кард. Мӯҳлати гирифтани полиси суғуртавии ОМС баъди супурдани ҳуҷҷатҳо як моҳ аст.

Ҳуҷҷатҳоятонро ба корхона пешкаш карда бошед, корфармо баъди тайёр шудани полиси суғуртавӣ онро аз ширкати суғуртавӣ худаш мегирад. Мӯҳлати полиси суғуртавии шумо дар ин ҳолат бо анҷом ёфтани шартномаи меҳнатие, ки бо корхона бастаед, ба поён мерасад.

Мустақилона ширкати суғуртавӣ биҷӯед, агар...

Агар шумо бе кор бошед, дар ягон корхонаи хурди хусусӣ кор кунед ё ба сифати мардикор корҳои гуногуни майда-чӯйдаро анҷом медода бошед, дар ин сурат бояд худатон барои гирифтани ОМС шахсан ба дилхоҳ ширкати суғуртавӣ муроҷиат намуда, ариза ва ҳуҷҷатҳоятонро пешкаш созед ё ба сайти дилхоҳ ширкати суғуртавӣ ворид гашта, бо пур кардани ариза ва анҷом додани дигар амалиётҳои лозима тариқи онлайн полиси суғуртавӣ фармоиш диҳед.

Намудҳои полиси суғуртавии ОМС

Полиси сғуртавии ОМС дар шаклҳои зерин пешкаш карда мешавад:

  1. Коғазӣ
  2. Электронӣ
  3. Дар шакли корти универсалӣ, ки тамоми маълумотҳо дар он ҷой дода шуда, дар як тарафаш герби Россия ва дар ҷониби дигараш сурати соҳиби полис ҷой карда мешавад.

намуди омс

ДМС доштан ҳатмист?

Тавре ки қаблан ишорат кардем, танҳо он муҳоҷирони меҳнатие, ки иҷозатномаи муввақатии зист-РВП ва ё иҷозати зиндагӣ дар Россия-ВНЖ доранд аз полиси суғуртавии ОМС бархурдор гашта метавонанд. Ин ҳуҷҷатҳоро надошта бошед, бояд полиси суғуртаи ихиёрии тиббӣ-ДМС бигиред.

Барои надоштани суғуртаи тиббӣ “депорт” мекунанд?

Доштани полиси суғуртавии ДМС барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ мебошад, зеро тибқи Қонуни Федеролии ФР аз 25.07.2002 таҳти №115-ФЗ тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, сарфи назар аз мӯҳлати буду бошашон бояд суғуртаи тиббӣ дошта бошанд. Дар сурати надоштани суғуртаи тиббӣ ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима аз 2000 то 7000 рубли русӣ ва ҳатто ихроҷ кардани муҳоҷир (депортатсия) пешбинӣ шудааст.

ДМС дар беморхонаҳои шахсӣ ба кор меравад?

Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ-ДМС ба шумо имкон медиҳад, ки натанҳо дар муассисаҳои давлатии тиббӣ, балки дар дармонгоҳ ва беморхонаҳои шахсии Россия низ ташхис ва табобат намоед.

Муҳоҷире, ки кор надорад аз ДМС истифода бурда метавонад?

Бо полиси суғуртаи ихтиёрии ДМС ҳатто дар сурати бе кор мондан низ шумо метавонед ҳангоми беморӣ аз ташхис гузаред, аз табибони баландихтисос машварат бигиред ва худро табобат кунед.

Ҳар қадаре, ки маблағи суғурта бештар бошад, ҳамон андоза доираи хизматрасониҳои тиббӣ низ васеътар мегардад.

Намудҳои зерини хизматрасониҳои тиббӣ бо полиси арзони суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ДМС ба шумо дастрас мегарданд:

1.Ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми заҳролудшавӣ

2. Табобати захмҳои гуногун ва гузоштани гипс дар ҳоли баромадани дасту пой ё шикастани устухонҳо

3. Табобати амбулаторӣ зимни бемориҳои гуногун.

4. Бистарӣ гаштан дар беморхона ба таври ройгон.

5. Гузаштан аз ташхиси ЭКГ, УЗИ, ренген...

6. Гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ (агар маблағи суғурта барои гузаронидани амалиёт кифоят намояд)

7. Беҳушгардонии ройгон (анестезия) ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ ва гирифтани табобат баъди ҷарроҳӣ дар утоқи реаниматсионӣ

8. Ба таври ройгон дастрас шудани дорувориҳое, ки табибон мефармоянд...

Бо полиси арзонтарини суғуртаи ихтиёрии тиббӣ-ДМС шумо наметавонед аз хизмати духтури дандон истифода баред ва дигар амалиётҳои гаронбаҳои тиббиро аз қабили иваз намудани узвҳои дарунӣ ва ғайра гузаронед. Мӯҳлати дуру дароз дар Русия мемонда бошед, беҳтараш барномаҳои суғуртавии «C» ё «D»-ро интихоб кунед, зеро фонди маблағашон бештар аст.

Интихоби ширкати суғуртавӣ

Албатта ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки ширкати суғуртавӣ ва намуди суғуртаро худаш мустақилона интихоб намояд, вале ёдрас мешавем, ки айни ҳол ширкатҳои зерин дар Русия муштариёни бештар доранд: ООО «АльфаСтрахование»; АО «МАКС-М»; АО «Согаз-Мед»; ООО ВТБ МС; ООО «Росгосстрах-Медицина»; АО «Уралсиб

_42

Барои он ки фиреб нахӯред, ширкати суғуртавиро аз сомонаи расмии ФФОМС интихоб намоед.

Дар сурати гум кардани полиси суғуртавӣ чи бояд кард?

Дар сурати гум кардани полиси суғуртавӣ шумо ҳуқуқ доред ба ширкате, ки онро додааст, муроҷиат намуда, нусха-дубликат бигиред. Барои гум кардани полиси суғуртавӣ ҷарима баста намешавад, вале агар ному насабатонро иваз карда бошед, бояд аз нав ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод карда, полиси нави суғуртаи тиббӣ бигиред.

Дар сурати бо худ бурдани аъзоёни хонаводааш шаҳрванди хориҷӣ, яъне муҳоҷир бояд барои ҳар як нафаре, ки ҳамроҳаш аст, аз ҷумла барои кӯдакон низ полиси алоҳидаи суғуртаи тиббӣ бигирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД