Formula novemver 2024
Оё хушбахтии духтар дар ҷиҳоз аст?
2195

Имрӯзҳо аксарияти наварӯсон бар он ақидаанд, ки агар бе зару зевар ва ҷиҳози қимматбаҳо ба хонаи шавҳар равӣ, гадодухтар гуфта як умр хушдоману хоҳаршӯй ва дигар хешу табори домод туро неш мезананд. Хушбахтӣ магар дар қолини эронию яхдони олмонӣ ва гарнитури туркию телевизори ҷопонӣ аст? Барои касе, ки келин мекунад, чӣ муҳимтар аст-ҷиҳозе, ки арӯс меорад ё ақлу тамиз ва ҳунару одобаш?

Барои ба ин саволҳо посух гирифтан мо ба чанд нафар раҳгузарон муроҷиат намудем.

Орифа Ҳусейнова, соҳибкор:

Гарнитурро оташ заду худашро ба дарё партофт
Ин мавзуъ бисёр мавзӯи муҳим аст, зеро имрӯз қисми зиёди хушдоманҳо ба ақлу тамиз ва ҳунари арӯс не, ба ҷиҳози овардааш баҳо медиҳанд. Духтарҳо барои зери таънаю маломати хушдоман намондан падару модарашонро маҷбур мекунанд, ки қарзу қавола карда, гарнитури ду-се ҳазор доллараю зару зевари қимматбаҳо харида диҳанд. Ба хотири бахти духтарашон бечора духтардорҳо бо пули мардум ҷиҳоз харида, баъд чанд соли дигар нони қоқ хӯрда қарзашонро мекананд. Барои исботи гуфтаҳоям як мисол меорам. Чанде пеш як духтари шиносам, ки падару модараш одамони камбағал буданд, ба як бойбача ба шавҳар баромад. Модари домод як ҳафта баъди тӯй арӯси бечораро маҷбур мекунад, ки гарнитури арзонаки овардаашро бурда ба дарё партояд, то меҳмонҳои ба келинбинӣ меомада ба ҳолашон наханданд. Ин гап ба арӯсак сахт алам кардааст, баъди ба кор рафтани шавҳару хусуру хушдоманаш вай гарнитури овардаашро ба рӯйи ҳавлӣ бароварда оташ мезанад ва баъд рафта худашро ба дарё мепартояд. Ана оқибати неши забони хушдоман!

Фирӯза Мирова:

Хушбахтӣ хоҳӣ, хонаи домодро пур мекунӣ!
Замон ҳамин хел шудагӣ, арӯси бе ҷиҳоз қадр надорад. Духтар хоҳад, ки зиндагияш дар хонаи шавҳар осуда гузарад, бояд тамоми чизҳои барои рӯзгор заруриро харида барад. Хонаи шавҳаратро пур кунӣ, забонат дароз мешавад, ягон чизи арзишманд набурда бошӣ, як умр сархаму забонкӯтоҳ мешавӣ. Шахсан ман мехоҳам аз спалний гарнитури хориҷӣ сар карда, то пардаҳои замонавию мошинаи ҷомашӯйӣ ва тафдони барқию телевизори плазма ҳама чизи барои хона заруриро харида барам, то наздикони шавҳарам ба ман каҷ-каҷ нигоҳ накунанд. Бисёриҳо мегӯянд, ки хушбахтӣ дар чизу чораи зиёд нест, вале бовар кунед, ин гап дурӯғи маҳз аст. Ҳамон одамоне, ки бо забони дароз ин гапро мегӯянд, келинашон ду даст дар почаки бинӣ аз дар дарояд, як моҳ нагузашта албатта ягон айбашро ёфта аз хонаашон пеш мекунанд. Ман ин гапро ҳамту аз боду ҳаво нагуфта истодаам, даҳҳо дугонаҳоям ба хонаи шавҳар ҷиҳози кироӣ набурда аз таънаву писханди қайсингилу хушдоман ҷонбезор ва оқибат хонавайрон шуданд. Намехоҳам тақдири дугонаҳоям ба сари ман ояд, барои ҳамин падару модарам чӣ коре, ки мекунанд, бояд маро бо ду мошин бор ба хонаи бахтам гусел намоянд. Дасти холӣ ба шавҳар баромадан дар ин замона шармандагист. Аз ин минбари бонуфуз ба духтарон гуфтаниям, ки асло бе чизу чора ба хонаи шавҳар наравед, чунки бузургонамон гуфтаанд:
Нони шавҳар арра дорад,
Арраи шашпора дорад

Нилуфари Қодир, дӯзанда:

Арӯси беҷиҳоз хандахариш мешавад
Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Волидонаш ба хонаамон хостгорӣ омада бо забони дароз «қудоҷон, ба мо ягон чизи келин лозим нест, беҳуда ташвиш кашида барои духтаратон қолину палос ва рахти хоб нахаред. Муҳимаш ҷавонон риштаи тақдирашонро бо ҳамдигар пайванданд, баъд ҳарду якҷоя кор карда, зиндагиашонро обод мекунанд» гуфта тӯйро тезонданд. Пас аз фотиҳа падарам ба қудояш занг зада гуфтааст, ки ақаллан ҳаққи ширро фиристед, то ки мо барои духтарамон мебел харем, вале ягон тин надода, боз ҳамон гапи аввалаашонро такрор кардаанд. Азбаски шароити оилаамон ҳамон вақт хуб набуд, як дег ош монда чор ҳамсояро хабар карданду маро бо чор курта ба хонаи бахтам гусел намуданд. Суханҳои нешдори холаҳои домод ҳамон рӯзи тӯй мани арӯсакро бе корд куштанд. Хешовандони шавҳарам бо овози баланд «арӯсак дасти холӣ омадааст, маълум, ки ягон гадодухтар аст. Хок бар сари ту барин падар, наход духтаратро ба шавҳар диҳию ақаллан як гарнитури арзонак нахарӣ» мегуфтанд. Худро хору ҳақир эҳсос карда, ончунон бо алам гиря кардам, то он вақт ягон бор нагириста будам. Ин гапҳо чанд моҳ дар гӯшҳоям садо медоданд. Шавҳарам кор мекарду оҳиста-оҳиста аз пули кораш ҳама чизҳои барои хона заруриро харид, вале хешу табораш то ҳол маро неш мезананд.
Духтарҳои азиз, ҳеҷ гоҳ мисли ман бо як курта ба хонаи шавҳаратон наравед, чунки арӯси беҷиҳоз хандахариши мардум мешавад.

 

Ҷамила Мирзоева: хонашин

Поятонро баробари кӯрпаатон дароз кунед!
Модаре, ки фикри ояндаи писарашро мекунад ва хушбахтии фарзандашро мехоҳад, ҳеҷ гоҳ ба моли овардаи келин аҳамият намедиҳад. Зиндагии ману шавҳарамро 10-сол шуд, вале то имрӯз касе аз пайвандони мардакам таъна назадааст, ки чаро ту ин наовардию он наовардӣ. Ҳардуямон аз оилаҳои камбағал будем, на тӯйи дакаданг кардему на дар гарнитур хоб рафтем, вале шукри худо хушбахтем. Якдигарро дӯст медорем, ҳурмат мекунем, ба назарам хушбахтӣ ҳамин қадар мешавад. Хушдоманам ҳамеша «келинпоччо» гӯён, дар атрофам парвона буданд. Ман ҳамчун як зани рӯзгордида ба духтарҳо гуфтаниям, ки аз дигарон қафо намонам гуфта, падару модарашонро хонасалот карда, ҷиҳози бисёр нахаранд. Бовар кунед, мард, агар дӯст дорад, бе ҷиҳоз ҳам дӯст медорад, вале дӯст надорад, як хуми зар барӣ ҳам, дилаш гарм намешавад. Боз як чизи муҳим-ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпаи худаш дароз кунад, яъне бойбача бойдухтарро бигираду камбағал бо камбағал хонадор шавад, он гоҳ чунин баҳсу мунозираҳо намешаванд. Беҳуда нагуфтаанд, ки
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.

Шоҳима, рӯзноманигор:

Нархи домод аз курси доллар ҳам баланд!
Танзим сар шуду нархи мардҳо якбора ба осмони ҳафтум дакка зад. Пештар арӯсакони тоҷик ба хонаи шавҳарашон ин қадар чизу чораи бисёр намебурданд. Як тӯяки хоксорона мекарданд ва барои арӯс чанд курта, як сандуқу кӯрпаю кӯрпача харида ба хонаи бахташ гусел менамуданд. Ба қавли русҳо «попробуй» ҳозир духтаратро бо чунин ҷиҳоз ба хонаи шавҳараш гусел кун, арӯсаки бечора хандахариши мардум мешавад. Имрӯз нархи домод аз курси доллар ҳам баландтар шудааст, ҳар рӯз ягон нағмаи нав мебарояд. Пештар келин кардан душвор, ки буд, занҳо бисёр бо қадр буданд, ҳоло бошад, ҳамааш баръакс шудааст. Бачадор ҳазор-ду ҳазор доллар оварда медиҳаду бо ҳамин ҷонаш халос, духтардори бечора бошад, маҷбур аст, ки боз панҷ-шаш ҳазори дигар қарз карда, барои духтараш гарнитури Дубайскию қолини дуҳазора ва мошини ҷомашӯйӣ ё яхдон харида диҳад ва боз як сандуқча ҷавоҳирот тақдим кунад, то фардо фарзандаш таънашунав нашавад. Имконият бошад, кас албатта барои фарзандаш орзуву ҳавас мекунад, вале барои оилаҳои камбизоат расму русуми нав бисёр ҷабр аст-да! Ҳамон ҷиҳоз хушбахтии арӯсро кафолат медод, майлаш буд, вале аксаран чунин мешавад, ки ситораи арӯсу домод бо ҳамдигар рост намеояду як сол нагузашта ҷудо мешаванд. Он гоҳ ҷиҳози бурдааш танҳо дарди сари арӯс мешавад, чуники ҳар бори чашмаш ба чизу чораи ҳайрону парешонаш афтидан корди тези алам ба ҷигараш мехалад.

Гулбарг Нуруллоева, донишҷӯ

Беҷиҳоз нарав, ки хонасолот мешавӣ!
Апаи ман бо худ тамоми ҷиҳозҳои заруриро бурд, то дар хонаи шавҳар таънашунав нашавад. Авсунаш, ки ду даст дар почаки бинӣ омада буд, зару зевар ва ашёҳои қимматбаҳои овардаи апаамро дида аз рашк дарун ба дарун мепечидааст, чунки хушдоманашон мудом апаи маро келинҷон гуфта, келини хурдиашро «гадодухтар» гӯён дӯст намедоштааст. Шахсан ман борҳо шоҳиди моҷарои хушдомани апаам бо келини камбағалаш гаштаам. Кампир «ҳой гадодухтар, агар ту дар назди падару модарат як зарра қадр медоштӣ, дасти холӣ намеомадӣ» гӯён, келинашро таъна мезад. Аз тӯяшон як сол гузашта бошад ҳам, то ҳол хархашаи хушдомани апаам бо келини дуюмаш поён наёфтааст. Ҳоли зори авсунашро дида апаам мудом маро насиҳат мекунад, ки бе ҷиҳоз ба хонаи шавҳар наравам, то зери таънаю маломат намонам.
Аслан арӯс ҳар чизе, ки мебарад, барои худаш мебарад, барои ҳамин духтардорҳо бояд пулро аз фарзандашон дареғ надоранд!

Суҳбаторо: Рустам
P.S: Хонандагони азиз! Мо на ба ҳама андешаҳои мусоҳибонамон розием, вале ба хотири риоя намудани Принсипи гуногунандешӣ фикри онҳоро дар саҳифаи газета ҷой кардем. Шумо ҳам метавонед назаратонро баён намоед, агар андешаи дигар дошта бошад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД