Қариб як сол шуд, ки бемор ҳастам, сарам ҳамеша дард мекунад, тамоми устухонҳоям месӯзанд, сахт лоғар гашта, пӯсту устухон гаштаам.
Ҷонам аз дар ба дари беморхонаҳо давидан ба лабам омадааст, аммо табибон ҳеҷ дардамро наёфтанд. Ростӣ ман одами душмандор ҳастам, шавҳарам дар болоям зани дигар гирифт ва ду зан барои як мард мудом ҷангу ҷидол мекунем. Хешовандонамон мегӯянд, ки эҳтимол ҷодӯ хӯрда бошам. Мехостам донам, ки ҷодуро бо кадом сураҳо баровардан мумкин аст?
Ҳабиба, ш. Душанбе
Посух
Ба саволи хонандаи мо домулло Ҷамолиддини Хомӯш посух мегӯяд:
-Барои муолиҷаи шахси ҷодушуда сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”.
Бо сидқу ихлоси комил нўшидани оби Замзам низ метавонад касро аз банди ҷоду озод намояд.