Дар соли 2024 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 75 ҷинояти куштор ва сӯйиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 18 ҳодиса бештар аст. Дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 57 ҳодисаи куштор рӯй дода буд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилии кишвар маълумот дода шуд.
- Дар тӯли сол дар ҷумҳурӣ 28 ҷинояти роҳзанӣ, 86 ҷинояти ғоратгарӣ, 1663 ҷинояти авбошӣ, 41 ҳодисаи таҷовуз ба номус, 117 ҳодисаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба қайд гирифта шудааст,- зикр намуд вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода.