Дар панҷ моҳи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 49 ҳолати марги шаҳрвандон бар асари ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, шумораи зиёди ҳалокшудагонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умумии ғарқшудагон 19 нафарашон аз 1 то 3-сола, 4 нафар аз 4 то 6-сола, 11 нафар аз 7 то 14-сола, 6 нафар аз 15 то 18-сола буда, 5 нафари дигар ҷавонон ва 4 нафар калонсолон мебошанд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти профилактикӣ таҳти унвони “Наҷот” идома дорад. Дар рафти ин амалиёт кормандони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба мавзеъҳои хавфноки соҳили каналҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо сафарбар гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда анҷом медиҳанд.
Мақомот аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки зимни саёҳат ва оббозӣ нисбат ба бехатарии худ ва фарзандон бепарво набошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.