Дар шоҳрҳи Душанбе-Хуҷанд-чанок боз як садамаи тақдирсӯз рӯй дода, замин аз хуни одамӣ лолагун гашт...
Тавре ки Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд -Чаннок рӯзи 24-уми июл сар зада, ду мошини “Мерседес” дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ ба ҳам бархӯрдаанд. Бар асари ин садамаи хунин 3 нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба иттилои ВКД садамаи маргбор тахминан соати 14:30-и рӯзи 24-июл сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Давлатмуродзода Муҳаммади Икром, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз ӯҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Сафаров Абубакр Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дуюм Сафаров А.А. ва мусофираш Ҳайдаров Дилшод Сангинбоевич, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дигар, Умаров Абдувосид Адҳамович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Ҳисор аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.