Сарват танҳо рақами пул нест, сарват тарзи фикр, одат ва фалсафаест, ки инсонро ба зиндагии пурбаракат мерасонад. Алиризо Озмандиён, тренери сатҳи ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки рӯзгори мо маҳсули андешаҳои мо аст, агар андеша дигар шавад, зиндагӣ низ дигар мешавад. Дар зер чанд одате оварда шудааст, ки дар зиндагии одамони сарватманд мавҷуд аст. Ҳар кас метавонад онҳоро барои рушди шахсӣ ва молиявӣ истифода намояд.
Якум, одамони сарватманд корҳоро ба таъхир намеандозанд. Алиризо Озмандиён мегӯяд: «Тафовут миёни афроди муваффақ ва номуваффақ дар тарзи истифодаи фурсатҳост». Одамони сарватманд кори имрӯзро ба фардо намегузоранд. Зеро медонанд, ки ба таъхир андохтани кор ё амале пешрафтро таъмин намекунад. Онҳо амал ва қарорҳои саривақтиро иҷро мекунанд.
Дуюм, одамони сарватманд бо дигарон робитаҳои васеъ барқарор мекунанд. Сарватмандон медонанд, ки муомилаи кунҷкобона бо мардум сарвати нав меофарад. Онҳо шабакаҳои қавии иҷтимоӣ ва касбӣ месозанд, бо фикрҳои нав, имконот ва неруҳои тоза ҳамроҳ мешаванд. Алиризо Озмандиён таъкид мекунад, ки «муваффақият кори дастаҷамъист». Яъне, такя ба команда муваффақият ва сарватро бештар мекунад.
Сеюм, одамони сарватманд идораи хуби вақт доранд. Воқеан ҳам, вақт сарвати бебаҳо аст. Озмандиён мегӯяд: «Касе, ки вақти худро идора карда натавонад, зиндагии худро идора карда наметавонад». Сарватмандон корҳоро афзалиятгузорӣ мекунанд, на ҳама чизро якбора ва бесамар иҷро менамоянд.
Чорум, одамони сарватманд орзу доранд ва барои он ҳадафгузорӣ мекунанд. Дар таълимоти Озмандиён орзу пояи ҳаракат аст. Одамони сарватманд орзуҳои бузург мекунанд, вале онҳоро ба ҳадафҳои мушаххас, бо тарозуи ақл баркашида ва муҳлатдор мубаддал месозанд. Яъне, орзу ба ҳадаф ва барнома ба амал табдил меёбад.
Панҷум, қобилияти омӯзиш доранд ва пайваста рушд мекунанд. Онҳо медонанд, ки арзишмандтарин моликият маърифат аст. Пайваста мутолиа мекунанд, дар семинарҳо ширкат мекунанд. Омӯзишро ҳеҷ гоҳ қатъ намекунанд. Тавре Озмандиён мегӯяд: «Инсон бояд ҳар рӯз аз худ чизе бисозад».
Шашум, одамони сарватманд бо сабру таҳаммул қарор қабул мекунанд. Онҳо мефаҳманд, ки қарори дуруст беҳтарин сармоягузорӣ аст. Сабру таҳамммул ва андешаи солим ба онҳо имкон медиҳад, ки хатарҳоро амиқ таҳлил кунанд.
Озмандиён борҳо таъкид мекунад, ки муҳит қудратмандтар аз ирода аст.
Сарватмандон худро бо одамони мусбат, илҳомбахш ва кордида ҳамнишин мекунанд. Зеро онҳое, ки доим шикоят мекунанд, роҳи пешравиро мебанданд.
МАЪЛУМОТНОМА
Алиризо Озмандиён, тренери сатҳи ҷаҳонӣ ва шогирди сухангӯи муваффақ Ҷим Рон, ҳамчун бунёдгузори “Технологияи фикр” шинохта шудааст. Доктор Озмандиён беш аз 30 сол мешавад, ки дар кишварҳои гуногун барои шунавандагони зиёд оид ба моделҳои нави рушди тиҷорат, равишҳои стратегияи шахсӣ, худидоракунӣ, тарбияи тафаккури молиявӣ суханронӣ мекунад.