Ҳамасола 9-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстон ва 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби ҳамбастагӣ миёни миллатҳо, фарҳангҳо ва халқҳои гуногуни ҷаҳон мебошад.
Дӯстӣ аз муқаддастарин арзишҳои инсонӣ ба шумор меравад. Зиндагии инсон бидуни дӯстӣ рангу маънои худро гум мекунад. Дӯст шахсест, ки дар рӯзҳои шодиву ғам, муваффақияту мушкилот ҳамеша дар канори инсон меистад. Маҳз дӯстони содиқанд, ки ба инсон нерӯ, умед ва илҳом мебахшанд.
Мардуми тоҷик аз қадимулайём дӯстиро аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсонӣ медонанд. Дар фарҳанги миллӣ ва адабиёти кӯҳанбунёди мо дӯстӣ ҷойгоҳи хос дорад. Аҷдодони мо ҳамеша мардумро ба дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат даъват намудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар осори адибону шоирони бузурги тоҷик садҳо шеъру ғазал, рубоӣ, қасида, ҳикоя, қисса, роман ва ҳикматномаҳо дар васфи дӯстӣ эҷод гардидаанд.
Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик маҳсуб мешавад, дӯстиро яке аз арзишҳои волои инсонӣ медонист. Дар ашъори ӯ дӯстӣ мақоми баланд дорад. Пас аз устод Рӯдакӣ низ бузургони адабиёти мо, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва аз шоирони муосир Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода, Фарзона, Гулрухсор, Бозор Собир ва садҳо шоирони дигар дар бораи аҳамияти дӯстӣ навиштаанду дӯстиро тарғиб кардаанд.
Дар адабиёти безаволи мо дӯстӣ ҳамчун сарчашмаи хушбахтӣ ва душманӣ ҳамчун манбаи ранҷу азоб тасвир шудааст. Тавре Саъдии бузургвор мефармояд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ин байт аҳамияти бузурги дӯстиро дар ҳаёти инсон нишон медиҳад. Агар инсон дӯстиро парвариш намояд, самараи он муҳаббат, эҳтиром ва хушбахтӣ хоҳад буд. Аммо душманӣ танҳо кина, низоъ ва бадбахтиро ба бор меорад.
Дӯстӣ на танҳо муносибати байни ду нафар, балки асоси сулҳу суботи ҷомеа низ мебошад. Ҳар қадар дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа бештар бошад, ҳамон қадар зиндагии мардум осудаву ором мегардад. Бинобар ин, тарғиби дӯстӣ вазифаи ҳар як инсон аст. Дар ин бора Мирзо Турсунзода чунин мегӯяд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Дар ҳақиқат, дӯстӣ инсонро ба хушбахтӣ мерасонад. Дӯсти нек дар лаҳзаҳои душвор ёвари инсон гардида, барои бартараф намудани мушкилот мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, душманӣ ва адоват миёни одамон сабаби низоъҳо, ҷудоӣ ва ранҷу машаққат мегардад.
Ҳамин тавр, дӯстӣ дар фарҳанги кӯҳанбунёди тоҷик на танҳо як муносибати одӣ, балки нишонаи эҳтиром, меҳрубонӣ ва самимият мебошад. Дӯсти ҳақиқӣ дар рӯзҳои сахт маълум мешавад. Дар вақти мушкилот на ҳар кас метавонад дар канори инсон бимонад. Танҳо дӯсти вафодор аст, ки дар лаҳзаҳои вазнин дасти ёрӣ дароз мекунад ва ба инсон рӯҳу нерӯ мебахшад. Аз ин рӯ, қадр кардани дӯстони нек яке аз вазифаҳои муҳими ҳар шахс мебошад.
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Ин панд моро водор месозад, ки дӯстони худро ҳифз намоем, қадри онҳоро донем ва барои пойдории дӯстӣ кӯшиш кунем. Дар ҷаҳони муосир, ки одамон бештар ба технология ва зиндагии саросемавор рӯ овардаанд, эҳтиёҷ ба дӯстии самимӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад.
Имрӯз ҷаҳон ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ ниёз дорад. Маҳз ҳамин арзишҳо метавонанд миёни халқҳо ва миллатҳои гуногун пулҳои дӯстӣ бунёд намоянд. Қарори Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии дӯстӣ ва дӯстон низ ба ҳамин ҳадаф нигаронида шудааст. Ин рӯз мардумро ба сулҳ, эҳтироми якдигар ва ҳамкорӣ даъват мекунад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ