Падари ман солҳои хизмати ҳарбӣ дар флоти баҳрии Шӯравӣ дар дарё ғарқ шудааст. Ман мутаассифона ӯро ёд надорам. Солҳои охир андеша мекунам, ки оё падари ман шаҳид аст? Чун медонам, ки шаҳидон ба биҳишт мераванд.
САЙҲОМИД, ш. Бохтар
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Ғарқ шудан шаҳодат аст, зеро Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Шаҳидон панҷ тоифаанд: Касе ки бар асари вабо бимирад, касе ки бар асари дарди шикам бимирад, касе ки дар об ғарқ шавад, касе ки бар асари харобу вайрон шудани чизе фавт шавад ва касе ки дар роҳи Аллоҳ шаҳид гардад». Бинобар ин, дуо мекунем, ки падари марҳуми шумо аз ҷумлаи шаҳидон бошанд.