Formula novemver 2024
ОБҲОИ ОДАМХӮР ДАР ЯК РӮЗ ҶОНИ ШАШ ИНСОНРО РАБУДАНД
3093


Тобистон айёми роҳат ва истироҳат аст, аммо ин фасли дилфиреб бо ҳама қашангиҳояш фоҷиаҳои ҷигарсӯзи зиёде дорад, ки доғашон солҳои сол аз дилҳо зудуда нахоҳад гашт. Дар як рӯз ғарқ шудани 6 кас дар дарё аз зумраи чунин рӯйдодҳои нохуши тобистона мебошад.

Шабонарӯзи гузашта як духтарчаи 7-сола аз деҳаи Адири ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмони шаҳри шаҳри Турсунзода дар оби канали Заркамар ғарқ шуда, ҷисми бе ҷони ин кӯдаки маъсумро 2,5 км дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд. Фоҷиаи дуюм дар ноҳияи Шаҳринав ба вуқуъ пайваста, як писарчаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Қаратоғ ғарқ шудааст. Ҷасади бачаро сати 11.50 аз соҳили дарё пайдо намуданд. Ҷасади боз як духтараки ноболиғи сокини деҳаи Саховати ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми шиноварӣ дар канали Куктош ғарқ шудааст, каме дуртар аз макони ҳодиса ёфт шуд. Ҳамзамон ҷисми бе ҷони боз як ҷавони ормонии 17-сола, ки сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст, пайдо ва ба аҳли хонаводааш супурда шуд.

Ҳамчунин, ҷасади як марди тақрибан 40-50 сола дар кӯчаи  ба номи М.Назрибекови шаҳри Душанбе пайдо шудааст. Ин мард дар наздикии ҷои мошин нигоҳдорӣ (гараж)  фавтидааст ва сабаби марги вай номаълум аст.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода боз як ҷасади дигарро дар шаҳри Душанбе аз об бароварданд, ки сокини деҳаи Қулписатаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, 18-сол доштааст.

Тавре ки мебинед, аксари ғарқшудагон кӯдакон ва наврасон мебошанд, аз ҳаимн хотир мо аз тамоми падару модарон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фарзандони худро ҳаргиз бе назорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД