Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷикро, ки дар Федератсияи Русия кушта шуда буд, имрӯз дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд.
Намози ҷанозаи марҳум дар деҳаи Аҷами ҷамоати Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав баргузор гардида, пас аз он ҷасади ӯ дар қабристони ҳамин деҳа ба хок супорида шуд.
Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар пайи ҳамлаи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактабе дар вилояти Маскав ба ҳалокат расид.