sebiston july new
Қобилияти кӯдакро чӣ нест мекунад?
658

Зарба ба рӯй задан 300-400 ҳуҷайраи майнаро мекушад ва сила кардани сар дар майна ҳуҷайраҳои навро ба вуҷуд меорад.

Бозиҳои электронӣ зеҳни иҷтимоӣ ва захираи луғатро нобуд мекунанд. Таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёд, метавонад боиси хунравии мағзи сар ва марги бармаҳали ҳуҷайраҳои майна гардад. Баробари калон шуданаш маҳорату таҷриба ба он кӯдак намерасад.

Модарро дар назди писараш дашном додан, кӯдакро тарсончак, шармгин мекунад ва ӯро аз тафаккури солим бозмедорад. Зеро тибқи пажӯҳишҳои ахир кӯдак қобилиятро аз модар мегирад.

Дар натиҷаи хандидан ба андешаҳои кўдак ва мукофот надодан ба кори пешниҳодкардааш ҳавасмандии ўро кам мекунад. Аз хурдӣ бо кӯдак дари сӯҳбатро бастан нодуруст аст. Дар натиҷа, ӯ захираи луғат ва зеҳни иҷтимоии худро гум мекунад. Ба ҳарфҳои кӯдак беэътиноӣ кардан, ба ӯ гуфтани хомӯшӣ ва дар баъзе мавридҳо сахт инкор кардан ба некӣ оварда намерасонад.

Оё барои кӯдак кам кардани оби нӯшокӣ зарур аст? Не! 85% майна аз об иборат аст. Ҳар 45 дақиқа 1 стакан (дар як шишаи хурд) об нӯшидан лозим аст. Агар кӯдак об нахӯрад, бадан ба ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ (сулфа кардан, хамёза кардан, ҳаракат додани курсӣ, тела додани миз ва ғайра) шурӯъ мекунад. Нороҳатии кӯдак ба муаллим маълум мешавад.

Даст кашидан аз наҳорӣ низ хуб нест. Муайян карда шудааст, ки одамоне, ки наҳорӣ намехӯранд, сатҳи шакар дар хун паст мешавад. Ин боиси нокифоя будани маводи ғизоӣ ба ҳуҷайраҳои майна мегардад ва боиси вайрон шудани ҳуҷайраҳо мегардад. Аз фаст-фудҳо (хӯрокҳои зудтайёр) эҳтиёт бошед.

Бе ба назар гирифтани қобилият ва шавқу ҳаваси талаба дарс додан ба натиҷаи самарабахш оварда наметавонад. Бачаҳоро бо табиати бачагона зиндагӣ кардан имкон надодан ба мисли ба хок супурдан баробар аст. Ба кӯдакон барои расмкашӣ имкон надодан хуб нест, ки дар ҷавонӣ қобилияти озодона навиштанро нест мекунад.

Дар марҳилаи аввал кӯдакро маҷбур кардан хуб нест, ки ҳарфашро (навиштанашро) хурд бинависад. Шрифти калон нишонаи эътимод ба худ ва озодист. Агар навиштаҷот хурд бошад, ин маънои онро дорад, ки ин ду хислат (боварӣ ба худ ва озодӣ) ғоиб аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД