Аз соати 23:00-и рӯзи 16-уми октябр то соати 23:00-и рӯзи 17-уми октябр оби ошомиданӣ дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ карда мешавад.
Корхонаи “Обу корези Душанбе” гуфтааст, ки сабаби қатъи об иҷрои корҳои таъмирӣ дар шабакаҳои обтаъминкунӣ аст.
Ҳамин тавр, минтақаҳои зерин барои як шабонарӯз бе об мемонанд: ноҳияи Сино, кӯчаҳои 9, 11, 12, 13, 14, 15А, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, маҳаллаҳои Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Шараф, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Зафар, Чавлибоӣ, Гиҷдалаобод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.
Мақомот аз сокинони ин маҳаллаҳо хостаанд, ки пешакӣ об захира кунанд.