Sebiston new 2024 october
Оби хуч - давои касалии қанд
10.12.2024
ОИЛА.ТҶ
498

Табибон ба бисёр маризон нӯшидани оби хучро тавсия медиҳанд. Ман бемории қанд дорам. Мехостам донам, ки ба ин касалӣ ҳам оби хуч фоида дорад ё не?

НУРИДДИН, аз н. Восеъ

Посухи Садриддиншоҳ Насриддиншоев:

- Дар асл хуч давои бемисл аст, хоса барои касоне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд. Саҳлангорӣ накарда, ҳамарӯза оби хуч нӯшед. Хучро дар тиби суннатӣ настаран меноманд. Настаран - хуч сатҳи қандро дар хун баланд шудан намемонад. Оби хучро дар бозорҳо ҳам мефурӯшанд, вале ман онро ба шумо тавсия намедиҳам, чунки зиёд ширин аст. Хучро дар хона худатон ҷӯшонида, обашро бинӯшеду солим бимонед. Беморони қанд бояд ҳамчунин гречкаро дӯст доранд. Муддати 10 рӯз гречкаро ба намак обпаз карда бихӯред, қандро то андозае поён меорад ва сангинии пойҳоро бартараф намуда, хатари гангренаро пешгирӣ мекунад.

Умуман мо хучро ба беморони гирифтори иллатҳои ҷигар, талха, гурда, ғадуди сипаршакл (гипертериоз) тавсия медиҳем, аммо мутаассифона аксари мардум хучро ночиз мешуморанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД