Аксари кампиракон ба ҷавонзанҳо маслиҳат медиҳанд, ки барои осон гаштани таваллуди фарзанд дар вақти дарди зодан оби бандкушо бинӯшанд. Аз назари ислом ин об чӣ хусусият дорад?
Шоира, ш. Душанбе.
Посухи дмулло Ҷамолиддини Хомӯш
Дар он об сураҳои Қуръон ё дуоҳое, ки дорои маънои шаръӣ аст, хонда шавад, нӯшиданаш ҷоиз аст. Аз саҳобагон ва солиҳин ворид шудааст, ки онҳо барои осон шудани таваллуд баъзе дуоҳо ва сураҳоро дар зарфе навишта, сипас дар он об андохта ба зани ҳомила медоданд.