Кадом обро бояд нӯшид?
"Об сарчашмаи ҳаёт аст!" Ибораи мазкурро хеле зиёд мешунавем, вале ба маънии ин гуфтаҳо хеле кам таваҷҷуҳ менамоем. Миллионҳо нафар ҳамарӯза обҳои нӯшиданиро аз рафҳои мағозаҳо харидорӣ намуда, ба сифату покии он диққат намедиҳанд.
Даҳҳо намуди обҳои шишагиро ҳамарӯза аз рафҳои истеҳсолӣ дастрас намуда, харидорон фаромӯш месозанд, ки оби босифат-сарчашмаи ҳаёт ва пойдевори саломатии комил аст.
Барои иҷрои ин даъвати муҳим зарур аст, ки оби фурӯхташуда ба ҳама стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.
Ва акнун саволи асосӣ ба миён меояд: оё тамоми обҳои бастабандишуда, ки дар рафҳои мо фурӯхта мешавад, ба стандарти давлатӣ ҷавобгӯ аст? Оё ин обҳо ба стандартҳои оддии истеъмолот мутобиқат мекунанд?Мутаассифона, ин саволи хеле душвор ва баҳсталаб аст, ки на ҳар як истеҳсолкунанда ба он содиқона ҷавоб хоҳад дод.Об метавонад сарчашмаи ҳаёт гардад, ба шарте ки он ба ҳама стандартҳои ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад ва танҳо дар он сурат мо метавонем ин бренди арзандаро барои ҳамаи истеъмолкунандагон, аз оила сар карда, то дӯстон ва шиносон тавсия диҳем.Саволе ба миён меояд: Чӣ гуна бояд фаҳмид, ки оби шишагӣ ба тамоми стандартҳо ҷавобгӯ аст, зеро дар рафҳои мағозаҳо рекламаи иттилоотӣ дар баробари маҳсулот мавҷуд нест ва худи фурӯшандаҳо низ ба хотири риоя намудани рақобати шаффоф чизе гуфта наметавонанд, аммо дар баробари ин, як истеъмолкунандаи оддӣ намефаҳмад, ки чаро арзиши оби истеҳсолкардаи як ширкат нисбат ба ширкати дигар гаронтар аст?Мо ҳама одат кардаем, ки пеш аз ҳама ба нарх диққат диҳем ва он чизе, ки дар дохили зарф аст, баъзан моро ба ташвиш намеорад.Шояд мо имрӯз пулро сарфа кунем, аммо бо истифода аз оби пастсифат ояндаи худро барбод медиҳем.Охир, ба мо пайваста мегӯянд, ки об манбаи ҳаёт аст, ҷисми мо аз об иборат аст ва об хусусиятҳои табобатӣ дорад, аммо баъзан одатҳои ба ҳама чиз сарфаҷӯӣ карданамон тадриҷан ба он оварда мерасонад, ки мо рӯз ба рӯз оби арзон ва пастсифатро истифода бурда, ба саломатӣ зарар мерасонем...Хеле муҳим аст, ки истеъмолкунанда ба тамғаи обе, ки кайҳо барои сифат ва арзиши худ боварии истеъмолкунандагонро ба даст овардааст, эътимод дошта бошад.Инак, мо чӣ гуна обро истифода кардан мехоҳем: Пеш аз ҳама, оби табиии баландсифати дар кишвари мо истеҳсолшаванда, обе, ки бо ягон намуди иловагии кимиёвӣ камтар коркард карда мешавад, дараҷаи баланди тозашавӣ ва даҳсолаҳои зиёд сифати олӣ дорад.
Мо метавонем ҳама гуфтаҳои дар боло овардашударо ба як бренд нисбат диҳем, ки муддати 20 сол об истеҳсол намуда, шиори зеринро ба худ касб намудааст: "Сифати мо саломатии шумост". Ва ин оби хушсифати табиии “Оби Зулол” мебошад, ки мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад.Озмоишгоҳҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ки бо дархости саҳҳомони “Оби Зулол” (Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Фонди AQUA) сифати оби “Оби Зулол”-ро, ки аз манбаъҳои зеризаминӣ истихроҷ карда мешавад, таҳлил намуда, бо ҳайрат дар бораи мутобиқати сифати он бо брендҳои маъруфи ҷаҳон Левиссимо (Италия), Эвиан (Фаронса) қайд намуданд.Оби мазкурро барои калонсолон ва ҳатто навзодон ҳамчун оби нӯшокӣ, оби миёнаи минерализатсияшуда барои ҳар рӯз тавсия доданд.
Имрӯз, баъд аз таҷрибаи 20-солаи истеҳсолӣ “Оби Зулол” меҳмони доимии ҳар хонадон гаштааст, ки сифат ва дастрасии онро ба ҳама табақаҳои ҷомеа собит мекунад.Ин обро ба оила ва рафиқони худ бо дили пур тавсия диҳед, зеро истеҳсолкунанда ба шумо сифати баландро кафолат медиҳад.Тамоми маҳсулоти ширкати “Оби Зулол”-ро шумо метавонед дар нуқтаҳои савдо, дар рафҳои мағозаҳо таҳти шиори «Маҳсулоти миллӣ бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас» пайдо кунед.Вақте ки шумо ин мақоларо хонда истодаед, метавонед танаффус намуда, ба воситаи сомонаи shop.obizulol.tj интиқоли ройгони маҳсулоти “Оби Зулол”-ро фармоиш диҳед.