Sebiston new 2024 october
Ҳоҷӣ Маҳмуд дар Рамазон ба 3 ятим хона туҳфа кард
1115
Ҳоҷӣ Маҳмуд дар Рамазон ба 3 ятим хона туҳфа кард


Моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру эҳсон буда, дар ин моҳи муборак дасти ёрӣ дароз намудан ба бепарасторон, ятимон, маъюбон, беморон ва дигар афроди ниёзманд амали хайру савоб аст.

Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва саллам фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, ки бо амалҳои хайрхоҳонааш машҳур гаштааст, дар оғози ин моҳи муборак боз як амали хайру савобро анҷом дода, ба се бачаи наврас, ки аз меҳру муҳаббати волидон бармаҳал маҳрум гашта, ятими кул ҳастанд, ҳавлии нави замонавиро тақдим намуд.

Бародарон Умедҷон, Фаридун ва Остон ҳанӯз айёми хурдсолӣ аз падар маҳрум мондаанд. Дарду алами аз даст додани шавҳар, ғами се фарзанди бе падар ва ранҷу азоби бехонагию дар ба дарӣ оқибат модари меҳрубонашонро ҳам ба бемории дил мутбало гардонда, панҷ сол қабл аз олам чашм мепӯшад.

Пас аз марги ҷигарсӯзи модарашон ин бачаҳои куллан ятим мондаро амакашон ба тарбияи худ мегирад, вале ӯ низ на оилаи обод дошт, на манзилу сарпаноҳе, ки ҷиянҳои берӯзиашро ҷо кунад.

Ҳамин тавр солиёни зиёде ин ятимакон дар ба дари иҷорахонаҳо гашта, ранҷу азобҳои бисёр кашидаанд, вале тавре ки дар урфият мегӯянд, поёни шаби сияҳ, сафед аст.

Оқибат дуои ин се ятим, ки як нафарашон маъюб низ ҳаст, назди худованди меҳрубон мустаҷоб гашта, дар моҳи мубораки рамазон соҳибкори хайрхоҳ Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба онҳо манзили нави ободу зебоеро ҳадя намуд.

Ҳавлие, ки Маҳмудҷон Муродов барои ин се ятими кул бунёд кардааст, дар деҳаи Суфиёни ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат воқеъ буда, аз 4 хонаи калону барҳаво, ошхона ва ҳамом иборат аст. Хона бо қолину палос, ҷевону рахти хоб, яхдон ва дигар лавозимоти рӯзгор ба пуррагӣ таъмин мебошад.
Пас аз тақдими манзили барҳаво ба се ятим Маҳмудҷон Муродов ба аёдати оилаи дигари сокини деҳаи Суфиён рафт, ки се фарзанди маъюб доштаанд. Ин соҳибкори хайрхоҳ ба модари хонавода се ҳазор сомонӣ дода, хоҳиш кард, ки ба бачаҳо сару либос ва дигар чизҳои заруриашонро харидорӣ намуда, дили ин тифлаконро дар моҳи мубораки рамазон шод гардонад.
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ҳамеша ба ятимону маъюбон, одамони бе касу кӯй ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти хайр дароз мекунад.

Ин ҷавонмарди бо нангу номус мегӯяд, кӯмак ба ятимону бечорагон қарзи инсонии ҳар яки мост, зеро дар ҳар як сомоние, ки тоҷирону соҳибкорон ба даст меоранд, ҳиссаи ятимону дармондагон низ ҳаст.

Умедворем, ки дигар соҳибкорони тоҷик низ ба Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов пайравӣ намуда, дар моҳи мубораки рамазон, ки моҳи хайру саховат мебошад, дасти хайру сахои худро сӯйи ятимону дармондагон, беморону маъбон, модарони танҳову пирони барҷомонда ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дароз менамоянд. Барҳақ фармудаанд:

Рамазон–моҳи меҳрпарвари мо,
Мо туро боз интизор шавем.
То ки бо корҳои неки худ
Бо паямбар қарину ёр шавем.
                                                             Фирӯза Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД