Шумораи ҳоҷиён сол то сол зиёд шуда истодааст, аммо аксари онҳо дағалгуфтору ботакаббур ҳастанд, ки ба шаъну шарафи инсонӣ дуруст намегирад. Мегуфтед, ки шахси ба ҳаҷ рафта бояд аз кадом корҳо парҳез намояд?
МУҲТАРАМ, ш. Ҳисор
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Дар ҷомеаи мо ба Ҳоҷӣ мартаба додаанд ва фикр мекунанд, ки ҳоҷӣ шудан бартарият ва авлавият дошта бошад. Хонандагони азиз, ҳоҷӣ шудан адо кардани фарзи илоҳӣ аст ва он ба кас мартаба намебахшад. Мусалмон бояд бо вуҷуди он ки ҳоҷӣ ҳаст ё не накӯкор, эҳсонкор ва парҳезкор бошад.
Албатта, Ҳаҷ низ як марҳилаи зиндагии инсон аст. Вақте шахс зиёрати Каъба мекунад, бояд тағйироте дар гуфтору дар рафтори ӯ дида шавад. Мутаассифона, баъзеҳоро мебинем, баъди адои ҳаҷ ба амалҳое даст мезананд, ки ягон нафари ба ҳаҷ нарафта, чунин корҳои зишту қабеҳро анҷом намедиҳад. Худованд дар Қуръон таъкид мекунад, ки: “Аз ҳама шахси ба ман наздик ва аз ҳама шахси муътабар шахсест, ки ботақво бошад”. Худованд нагуфтааст, ки ҳоҷӣ, қорӣ ва ё каси дигар, танҳо ботақво буданро бартарӣ додааст. Як рукни ҳаҷ сангзании шайтон аст. Фалсафаи сангзанӣ дар он аст, ки бо ин амал инсон тамоми ахлоқи бади худро тарк карда, аз он ҷо мисли тифли навзод пок баргардад. Аммо ин чиз дар ҳоҷиҳои мо кам мушоҳида мешавад.