Formula novemver 2024
Нурулло арӯси ҷӯрааш Диловарро дӯздид, вале...
19.02.2022
оила
4297

Ҳар боре ки аз давраҳои мактабӣ ёд мекунед воқеан ҳам хаёлҳоятон шуморо ба як дунёи дигар ғуттавар мекунанд. Аҷоиб лаҳзаҳо дорад, давраи мактабӣ ... Аз ҳама чиз бештар вақте ҳаёти мактабиро ба хотир меоред, дар қадами аввал ишқи аввалинатон ба ёдатон мезанаду шуморо ба гӯшае аз зеботарин гӯшаҳои хаёлотатон мебарад. Қариб нафаре нест, ки дар даврони мактаббачагиаш аз шаҳди ишқу ошиқӣ начашида бошад...
Диловар низ дар даврони мактаббача буданаш, аниқтараш замоне, ки вай синфи 8 буд, духтаракеро бо номи Аниса аз синфи худашон дӯст дошт.
Боре ҳангоми аз мактаб баромадан онҳо то назди хонаи Анисаашон, ки аз мактаб ягон якуним километрро дар бар мегирад, сӯҳбаткунон рафтанд. Ҳамин буд, ки Диловари боре ҳам аз шарм ба рӯйи духтар нигоҳ карда наметавонистагӣ дар сӯҳбати чанддақиқагӣ ба Аниса волаву шайдо гашт. Аниса таъкид кард, ки онҳо ба ҳам фақат дӯст мемонанду халос ва Диловар дар вохӯрии аввал инро аз дилу ҷон қабул кард,охир аз куҷо медонист, ки ба ин духтараки шӯхчашми сиёҳмую сабзинаандому қоматбаланди мафтункунанда ошиқи зор мешавад.
Бачаи деҳотӣ вақте хайрухушкунон аз Аниса ҷудо шуд, ба назараш бол бароварда буду парвоз мекард.
Минбаъд ҳар рӯз ҳолашҳамин буд, баъди дарс роҳи маҳбубаашро мепоиду сӯҳбаткунон то наздикҳои хонаи Асинаино мерафтанд. Диловар боварӣ дошт, ки Аниса низ ӯро дӯст медорад.вале дар дилидухтар нисбати ҷавон меҳру муҳабати ошиқона набуд.
Мегӯянд, “Ишқ чун атр аст, онро пинҳон кардан нашояд. Ва Диловари соддафеъл муҳаббати дар дил доштаашро ба дӯсти кунҷкобаш Назир ошкор кард. Ҳамин тавр ишқи онҳо овозаву дарвозашуда, тамоми аҳли мкктаб ва ҳамдеҳагон аз ин розиду ҷавон бохабар гаштанд. Аниса сахт бағазаб омад,зеро вай Диловарро дӯст намедошт, фақат ба ӯ ҳамчун дӯст эҳтиром қоил буду халос.
Бузургтарин зарба барои Аниса ин хабардоршавии хонаводаашон буд, ки бо шунидани ин хабар қиёматро қоим карданд. Чунин ранг гирифтани кор Диловарро дар назари Аниса рӯз аз рӯз шумрӯйтар мекард ва азӯдурӣмеҷустагӣ шуда монд.
Ҳамин тавр кашокашиҳои рӯзгор ба сари ин ду бачаи бетаҷриба шӯру мағали зиёде оварда, аз ин вартаи хиҷолат баромада наметавонистанд. Билохира кор ба ҷое раисд, ки Аниса тамоман аз Диловар рӯй гардонда,дигар бо ӯҳатто салому алейк намекард.
Азфурсат истимфода бурда,дӯсти наздики Диловар-Нурулло аз пайи ба даст овардани дили Аниса шуд. Нурулло,ки нисбати ба ҷӯрааш ҳушёртар буд, тавонист бо суханони ширин Анисаро ба худ мафтун созад.
Диловари ҷигаркабоб муҳаббати Анисаро аз дилберун карда наметавонист, вале духтар аллакай дилбадигаре дода,дигар бо ӯҳатто дӯстӣ ҳам кардан намехост. Ишқи бебарор Диловарро ёри китобу илму омӯзиш кард. Китоб мехонд, дарсҳорор ҷиддан тайёр мекард. Чанде пас ҳодисе рӯйдод, ки баъди он Маҷнуни ҷигарсӯхта тавонист комилан ишқи маҳбубаи хиёнатпешаашро фаромӯш созад.
Моҳҳои май буд. Як субҳ барвақт ба мактаб рафта аз тирезаи синфашон берунро тамошо карда меистод. Аз зебогиҳои табиат, ки хусусан дар фасли баҳор манзараи аҷиберо дар назар ҷилва медод, тамошо карда лаҳзае оламу одамро фаромӯш карда буд. Мушоҳида мекард, ки булбулакони саҳарӣ дар боғи мактаб чи гуна ҳунарпардозӣ мекунанду шоду хурраманд. Онҳоро ба худ қиёс менамуд; охир чаро ин парандагон метавонанд, дӯстона зиндагӣ кунанд, аммо мо инсонҳо не? Чаро мо дар ин дунёи дурӯза ҳамдигарамонро хафа мекунем? Охир чаро? ...
Ногоҳ садои “Диловар” гуфтани касе риштаи хаёлоташро бурид. Овози ширини ношинос, аммо кайҳо боз ин овозро Диловар нашунида буд. Ба ақиб гашта дар ҷояш шах шуда монд. Касе, ки номи ӯро гирифта хитоб мекард, Аниса буд. Аниса ба Диловар фурсати гап заданро надода ба гап сар кард:
-Диловар, медонӣ чӣ, қариб се мол мешавад, ки ману ту аз ҳамдигар рӯй гардонидаем. Шояд дар ин айби ман низ бошад, вале биё акнун ба гузашта салавот гуфта, ҳамон дӯстиеро, ки се-чор сол пеш оғоз намуда будем, давом медиҳем. Аммо боз такрор мекунам, фақат дӯст мешавему халос!

Аниса табасум кард. Ин маънои онродошт, ки вай аз Диловар наринҷадааст. Диловар ҳатто ягон калима ҳам гуфта натавонист, вале Анисаи сукути Диловарро аломати ризо дониста, бо табъи болида рафт.
Ҳамин тавр Диловару Аниса боз дӯстони наздик шуданд ва баъди хатми мактаб ба донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ дохил шуданд. Диловар таҳсили олиро дар Руссия, Аниса бошад, дар Олмон давом дод...
Солҳо гузаштанду ҳамоно дӯстии ин ду ҷавонои равшанфикри деҳот аз байн нарафт. Онҳо акнун аз дуриҳои дур бо ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат карда, воқеаҳоидаврони кӯдакиашонро ба ёдоварда механдиданд...
Ҳамин тавр аз байн 5 сол гузашт. Онҳо таҳсилро ба анҷом расониданду ба Ватан баргаштанд. Ягон 20 рӯз барин гузашта буд, ки ба Аниса хостгор омад. Талабгори Аниса Нурулло буд ва бо розигии падару модарон ду дилдода ба ҳам расиданд...
2 сол қабл Диловар замоне, ки ба хабаргирии волидонаш, деҳа ва ватани азизаш омада буд, дар деҳаашон як духтараки латифу зеборӯй, қоматбаланди химчамиён, камонабрую шӯхчашми нозукбаданро, ки аз худаш ду сол хурдтар буд, таки чашм карда монда буд. Номи ин духтари ба Диловари нозукбини мо маъқул шуда мондагӣ – Ёсуман буд. Риштаи тақдирашон пайванд будааст, ки баъди ду моҳи ба ватан баргаштанаш Диловару Ёсуман хонадор шуданд. Дӯстону рафиқон ва наздикону пайвандон рӯзи тӯйашон ин ду ҷавонро табрику таҳният менамуданд. Ҳамагон шодишарики Диловар буданд. Яке аз онҳое, ки Диловарро аз самими қалб табрик намуд, ин дӯсти деринааш Аниса ва дӯсту ҳамсинфаш Нурулло буд...
Ана ҳамин тавр!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД