arzon replenishment
Нуриддин Саид мавҷудияти "рӯйхати сиёҳ"-и телевизионро шарҳ дод
783

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш нашудани таронаҳои сарояндагони маъруфи кишварро, чун Шабнами Сурайё, Садриддин Наҷмиддин ва амсоли инҳо шарҳ дод,

Бахтовари Сайфулло, директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» имрӯз зимни нишасти хабарии Кумитаи телевизион ва радио гуфт, онҳо бештар ҳунармандонеро тарғиб мекунанд, ки дар чорабаниҳои сатҳи ҳукуматӣ иштироки фаъолона доранд.

“Инчунин, сурудҳои ҳунармандонеро пахш мекунем, ки узви ансамблҳоянд, ё дар бахшҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд. Ба ғайр аз ин, таронаҳои иштирокчиёни озмунҳо, чун “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Андалеб” садо медиҳанд”, - гуфт ӯ.

Ба таъкиди роҳбари телевизиони мусиқии кишвар, сабаби аслии роҳ наёфтани ин ҳунармандон ба телевизионҳои давлатӣ интихоби суруд, риоя нашудани меъёрҳои забон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои ватандорӣ мебошад.

“Шабнаму Садриддин то ҳол боре ба телевизион барои пахши таронаҳояшон муроҷиат накардаанд, яъне ҳамкориро бо мо намехоҳанд. Онҳо агар муроҷиат кунанд, мо ҳатман дар доираи талаботи эфир ва қонунгузорӣ бо онҳо ҳамкорӣ мекунем”, - гуфт Бахтовари Сайфулло.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, гуфт, телевизионҳои тоҷик сухани воло ва арзишҳои фарҳангиро тарғиб карда, ҳаққу ҳуқуқи пахш кардани сурудҳоеро, ки каммазмун аст, надорад.

“Ягон хел рӯйхат нест. Масалан, ба наздикӣ як нафар аз Хуросон муроҷиат кард ба “Шаҳнавоз” бо номи Хоҳари Хуросонӣ. Омад. Мо ҳамроҳаш суҳбат кардему дар ин шабака барномааш кардем. Бисёр нағз мехонад. Ба Нигина Рауф тақлид мекунад”, - гуфт раҳбари Кумитаи мазкур.

Бояд гуфт ,ки баҳси садо надодани сурудҳои Шабнаму Садриддин ва ё мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” дар телевизиону радиоҳои давлатӣ мавзӯи нест ва ҳамасола садо медиҳад. Аммо, масъулини ин самт пайваста мавҷудияти чунин рӯйхатро инкор мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД