Маҳсулоти лозима:
Зардолу – 5 кг
Шакар – 1,5 кг
Об – 2 литр
Тарзи таҳия:
Аввал зардолуҳоро тоза шуста, донаашро ҷудо мекунем ва дар зарф мегирем. Аз болояш шакар ва об рехта, дар оташи паст 30 дақиқа меҷӯшонем, сипас нӯшокиро бо блендер омехта мекунем, ки шарбаташ барояд. Блендер набошад, метавонед бо даст аз элак гузаронед, ки шарбаташ барояд.
Пас аз ин шарбатро дар оташи паст 20 дақиқаи дигар ҷӯшондан лозим.
Банкаҳоро дар бӯғ стрелизатсия карда, нӯшокиро дар онҳо бардошта, сарпӯшро хуб маҳкам кунед.