Педикюр як амали косметикӣ мебошад, ки нигоҳубини нохунҳо ва пӯсти пойҳоро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии педикюр беҳтар кардани намуди зоҳирӣ ва саломатии пойҳост. Педикюр одатан аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба дар кошонаи ҳусн ё салонҳои зебоӣ анҷом дода мешавад, аммо онро метавонед дар хона бо истифода аз асбобҳо ва лавозимоти мувофиқи нигоҳубини нохун ва пой анҷом диҳед.
Барои анҷом додани педикюр чӣ лозим аст?
- намаки баҳрӣ ва равғани эфир (ладан, имбир, геран, эвкалипт, чайное дерево, лаванда);
- скраб барои пой;
- амбурча барои нохун;
- аррача барои ба шакл даровардани нохун;
- асбоб (пушер) барои тоза кардани пӯсти зиёдатии атрофи нохун;
- аррачаи дутарафа барои тоза кардани пошнаи пой;
- маҳлул барои тоза кардани пӯсти зиёдатии атрофи нохун;
- малҳам, балзам, равған барои пой.
Барои анҷом додани педикюр дар хона ба тавсияҳои зерин диққат диҳед.
1. Пойро дар оби гарм нигоҳ доред
Қабл аз сар кардани амалиёт пойҳоро шуста, лакҳои нохунро тоза кунед. Пойҳоятонро дар оби гарм гузошта (агар пойҳоятон варикоз, варам ва диабет дошта бошед, ҳарорати об бояд 30-35 °С бошад), 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Ба об чанд қатра яке аз равғанҳои номбаршударо чаконида, ду қошуқ намаки баҳрӣ низ илова кунед. Равғани лаванда хастагии пой ва варами онро бартараф мекунад.
2. Пошнаи пойро тоза кунед
Педикюри пойи чапро бо дасти рост ва пойи ростро бо дасти чап анҷом диҳед. Бо санг ё пемзаи махсуси сӯфтакунӣ пӯсти карахтшудаи пой ва обилаҳоро аз пошнаи пой ва ангуштон тоза кунед. Кӯшиш намоед, ки аз ҳад зиёд пӯстро сӯфта накунед, то ки ҷароҳат набардорад.
3. Скраб молед
Пойҳоятонро ба даруни об гузошта, аз ифлосиҳое, ки баъд аз суфтакунӣ аз пӯст ҷудо шудаанд, нағзакак тоза кунед. Барои ин амал метавонед скрабро истифода баред.
4. Ғизо диҳеду нарм кунонед
Малҳамро ба пойҳо ғафс молида, бо саҷоқ печонеду 15 дақиқа нигоҳ доред. Сипас бо ҳаракатҳои сабук аз поён ба боло пойҳоро маҳс кунед. Ҳар як ангушти пойро дар алоҳидагӣ маҳс кунед.
5. Сӯфта кунед
Баъди он ки малҳам дар пӯсти пой ҷабида шуд, пойҳоятонро хушк куноинида, бо арача нохунҳоро суфта кунед. Нохунҳо бояд хушк бошанд, дар акси ҳол нохун тарқиш пайдо мекунад. Рафту аз пинсетҳои нохунбурӣ истифода мебурда бошед, нохунро ҳангоми тар буданаш қайчӣ кунед. Нохунро ба шакли гирд суфта накунед, то ки кунҷҳояш ба даруни гӯшти по надароянд. Агар дар нохун ноҳамворӣ бошад, онро бо аррачаи мулоим, ки баф ном дорад, сӯфта намоед.
Ба пӯсти атрофи нохунҳо маҳлули нармкунанда молида, 5 дақиқа нигоҳ доред ва баъдан пӯсти зиёдатиро бо оҳанчаи махсус тоза кунед.