arzon replenishment
НОЗУКИҲОИ МИҶГОНИ СУНЪӢ
1906


Татуаж, микроблейдинг, ботокс, филлер, линза, миҷгонҳои сунъӣ-барои хонумҳои муосир ин калимаҳо натанҳо бисёр ошно ҳастанд, балки ба як ҷузъи зиндагиашон табдил ёфтаанд.

Занеро пайдо кардан душвор аст, ки ба хотири зебову дилкаш намудан аз чунин амалиётҳо истифода набарад. Ҳафтаи гузашта мо ба шумо дар бораи татуажи лаб маълумот дода будем, имрӯз бошад, дар бораи миҷгонҳои сунъӣ сӯҳбат хоҳем кард.
photo_2021-09-01_09-51-25
Ҳусни табиӣ хуб аст, вале...
Дар асри ХХ1 низ шахсоне пайдо мешаванд, ки ба муқобили аз амалиётҳои зебоӣ ва ороишоти косметикӣ истифода бурдани занону духтарон баромад мекунанд. Ба ақидаи ин тоифа, бо истифодаи мӯю миҷгонҳои сунъӣ, линза ва дигар ороишоти косметикӣ худро аз буда зеботар нишон додани хонумҳо натанҳо фиреби назар аст, балки ба саломатии худи занони аз чунин амалиётҳо истифода мебурда низ зиён дорад.

Албатта ҳусни табиӣ хуб аст, вале хонумҳое, ки табиат хасисӣ карда, барояшон чашмони барроқ, абрӯву миҷгонҳои сиёҳи дароз ва лабу даҳони базеб надодааст, чи кор кунанд?
photo_2021-09-01_09-56-23
Ин тоифаи бонувон маҷбуранд, ки бо кӯмаки ороишоти косметикӣ ва амалиётҳои гуногуни зебоӣ ин “беадолатии табиат”-ро ҷуброн созанд, зеро сарфи назар аз касбу кор ҳар як зан дар як кунҷаки дилаш орзуи мисли малика зебо, дилкаш ва фаттону ҷаззоб буданро дорад.

Миҷгони сунъӣ зарар дорад?
Тавре ки гуфтем, андешаҳо дар бби миҷгони сунъӣ гуногунанд ва мо кӯшиш мекунем асос доштан ё надоштани овозаҳоро дар боби зарари миҷгнҳои сунъӣ дида бароем.

Афсонаи 1
Миҷгони сунъӣ часпонӣ, миҷгонҳоят мерезанд
Мухолифини миҷгонҳои сунъӣ иддао доранд, ки баъди ин амалиёт миҷгонҳои худи зан рехта,баднамуд мешавад, вале ин ақида асос надорад. Гап дар сари он аст, ки сарфи назар аз ҷинс ва синну соли инсон миҷгонҳо мерезанд. Ин як амри табиӣ буда, ба ҷаспондани миҷгонҳои сунъӣ ягон алоқамандӣ надорад. Миҷгонҳои ҳар як инсон дар як давраи муайян рехта, ба ҷояшон миҷгонҳои нав мебароянд.

Афсонаи 2
Миҷгони сунъӣ чашмро обрав мекунад
Дар байни занону духтарон боз як андешаи дигари ғалат вуҷуд дорад, ки гӯё часпондани миҷгонҳои сунъӣ чашмро сурх ва обрав месозад. Дар асл ин ба ҳассосияти бадан вобастагӣ дорад. Шахсе, ки ҳассосият, яъне аллергия дорад, натанҳо часпонидани миҷгонҳои сунъӣ, балки ҳатто сахттар вазидани шамол низ ба саломатиаш бе таъсир намонда, боиси ба хориш даромадан ва сурху обрав гашатни чашмонаш гашта метавонад. Аз ҳамин хотир мо ба бонувоне, ки аллергия доранд, гузаронидани чунин амалиётҳоро тавсия намедиҳем, вале хонумҳое, ки аллергия надоранд, метавонанд бе ягон тарсу ҳарос миҷгонҳои сунъӣ часпонда, чашмони худро ҷозибаи тоза бубахшанд.

Устои хуб ёбед!
Миҷгони сунъӣ ба зан ҳусни тоза бахшида, нигоҳро бисёр ҷаззоб ва ошиқкуш месозад, аммо пеш аз гузаронидани амалиёти мазкур ба он ҳаматарафа омодагӣ гирифтан лозим аст. Миҷгони сунъӣ часпонидан мехоста бошед, пеш аз ҳама шумо бояд муттахассиси хуб ва ботаҷриба пайдо намоед, зеро истифода бурдан аз хизмати устоҳои навкор ва кошонаҳои одии ҳусн, ки аз ширеш ва дигар маводҳои арзонбаҳо истифода мебаранд, метавонад боиси пайдоиши аллергия, сӯзиш ва сурху обрав шудани чашмон гардад.

Омодагӣ ба амалиёт
Шумо ба қарори қатъӣ омадед, ки миҷгониҳои сунъӣ мечаспонед ва аллакай муттахассисро низ пайдо кардед?
Дар ин сурат қоидаҳои зеринро дар хотир нигоҳ доред:
1. Зебою дилкаш гаштан албатта хуб аст, вале зебоӣ набояд боиси осеб дидани саломатии инсон гардад. Мабодо мушкили хоришу сӯзиши чашм дошта бошед ё чашмонатон обрав шуда бошанд, пеш аз гузаронидани амалиёт ҳатман ба назди духтури чашм рафта, аз муоина гузаред. Дар чунин ҳолатҳо бе иҷозати духтури чашм гузаронидани ҳама гуна амалиёт дар мавзеи чашмон манъ аст, зеро маводҳои гуногуни кимиёвие, ки дар рафти амалиёт истифода бурда мешаванд, метавонанд ҳоли занро боз ҳам бадтар созанд.
photo_2021-09-01_09-58-19

2. Қабл аз амалиёт ранг кардани чашмон, истифода бурдани тену туш ва тоб додани миҷгонҳо қатъиян манъ аст. Чизе бояд монеъи ба ҳам часпидани миҷгонҳои сунъӣ ва табии шумо нагардад.

3. Миҷгонҳоятон табиатан зард ҳастанд, вале шумо миҷгонҳои сиёҳ мехоҳед? Дар ин сурат ду -се рӯз қабл аз амалиёт миҷгонҳояонро ранг кунед. Ранги миҷгони сунъӣ бояд ба ранги миҷгонҳои худи зан мувофиқ бошад, то ба назар табиӣ намоянд.

4. Пеш аз он ки ба кошонаи ҳусн меравед, ранг ва шакли миҷгонҳоро интихоб намоед, то гаранг шуда нашинед. Лешмейкер то кадом андоза мувофиқ будани ранг ва шакли миҷгонҳои интихоб кардаатонро ба чеҳраи шумо санҷида, баъдан ба амалиёт оғоз менамояд.

5. Линза мепӯшида бошед, ақаллан як рӯз пеш аз амалиёт линзаҳоро аз чашмонатон бигиред.

Намудҳои миҷгонҳои сунъӣ
Маъмулан бонувон аз ду намуди миҷгнҳои сунъӣ истифода мебаранд.
1. Миҷгонҳои сунъие, ки қабза-қабза часпонида мешаванд.
2. Миҷгонҳои сунъие, ки дона-дона мешинонанд.
Албатта ҳар ду навъи миҷгонҳо хусусиятҳои мусбию манфии худро доранд. Миҷгонҳое, ки қабза-қабза шинонда мешаванд, арзонтар буда, барои часпонданашон ҳамагӣ як соат вақт сарф мешавад. Миҷгонҳое, ки бо ин усул часпонида шудаанд, ба назар бисёр зебо ва ҷаззоб намуда, бештар бо мақсади гузаронидани тӯй, чашни зодрӯз ва дигар шабнишиниҳо истифода бурда мешаванд. Ин навъи миҷгон ду камбудӣ дорад:
1. Мӯҳлаташон хеле кам буда, дар бадали як ҳафта мерезанд.
2. Дар сурати истифода бурдани ширеши бесифат як қисми калони миҷгонҳо канда шуда, сирри зан ба зудӣ фош мегардад.

Миҷгонҳое, ки дона-дона шинонда мешаванд, арзишашон нисбатан баланд аст, зеро барои часпонданашон 3-4 соат вақт сарф мешавад. Албатта “қимат бе ҳиммат нест” ва миҷгонҳои дона-дона шинонда шуда ба соҳибашон то як моҳ хизмат карда метавонанд. Бартарии дигари ин навъи миҷгон дар он аст, ки ҳатто дар сурати якбора канда шудани ду-се тори миҷгон низ атрофиён кам шудани миҷгонҳои шуморо пай намебаранд.

Амалҳои мамнуъ баъди часпонидани миҷгон
Миҷгонҳои сунъӣ часпонида бошед, баъди амалиёт бояд аз корҳои зерин худдорӣ намоед:
1. Дар давоми як шабонарӯзи баъди амалиёт шумо бояд аслан ба чашмонатон даст нарасонед ва чашмонанро нахоред.
2. Ба рӯй ва атрофи чашмонатон кремҳои равғанӣ намолед.
3. Қалам накашед ва болои чашмонатонро бо тен ранг накунед.
4. Ба миҷгонҳоятон туш намолед.
5. Обҳои намак ва хлор доштаро истифода набаред.
6. Шабона рӯятонро ба болишт зер карда, хоб наравед.
7. Аз даромадан ба сауна ва ҳамоми гарм худдорӣ намоед.
8. Мабодо миҷгонҳои часпондаатон ба шумо писанд наоянд, мустақилона онро дар хона наканед, зеро бо ин амалатон ба миҷгонҳои табии худ осеб мерасонед. Миҷгонҳои сунъиро танҳо дар кошонаи ҳусн усто бо истифодаи маводҳои махсус канда мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД