Arzon march 2024
"Нозукбаён", "пистадаҳон", "борикмиён", вале бевафо?
636

Фараҳманд Каримов, овозхони ҷавону маъруф, таронаи навашро бо номи “Ёри бевафо” нашр кард.

Дар ин тарона, ки намоҳангаш аз консерти наврӯзии сароянда дар "Кохи Суруш" аст, Фараҳманд ёрашро "пистадаҳон", "ороми ҷон", "борикмиён", "нозукбаён" гуфта, аз дурии ӯ шиква мекунад ва ӯро ба бевафоӣ гунаҳкор менамояд.

Ин тарона дар ҳавои таронаҳои халқӣ эҷод шуда, мусиқии шӯх дорад. Дар ҳавои он дар намоҳанг духтаре мавзун мерақсад.

Таронаи мазкур шикваи аввалини Фараҳманд аз дурии ёр нест. Бисёре аз таронаҳои ӯ ба мавзӯи ишқу ошиқӣ бахшида шудаанд ва як суруди дигараш дар бораи хиёнати дӯстон буд.

Фараҳманд Каримов 26 майи соли 1996 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Бо вуҷуди ҷавонӣ ӯ аллакай овозхони маъруф аст. Шуҳрати он баъд аз сароидани таронаи “Оҳи дили зор” бо ҳамроҳии рэпсарои номдор Исмоилҷон Исмоилов оғоз шуд.

Ӯ бори аввал дар гурӯҳи 1-уми озмуни сурдҳои 10-ум Олимпиадаи байналмилалии туркӣ иштирок намуд. Озмуни мазкур санаи 11 июни соли 2012 дар варзишгоҳи "Kâmil Ocak"-и шаҳри Ғазиантеп баргузор гардид. Ӯ суруди "Beyaz Mendil"-ро иҷро намуда, сазовори медали нуқрагин гардид.

Фараҳманд Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро дар соли 2018 хатм кардааст. Ӯ ҷияни Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш мебошад.

Фараҳманд Каримов яке аз сарояндаҳои умедбахши тоҷик мебошад, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда, бо сурудҳои ҷаззобу дилнишини худ дар дили хурду калон маъво гирифтааст. Таронаҳои ин сарояндаи хушовозро дар ютуб дар як муддати хеле кӯтоҳ миллионҳо нафар тамошо карда, баҳои баланд медиҳанд.

Ин сарояндаи ҷавони тоҷикро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷи мамлакат низ аллакай хуб мешиносанд. Мухлисони Фараҳманд Каримов махсусан дар Узбекистон ва Туркия хеле зиёданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД