formula feb 2025
Носир Саид: Телевизион ба ҳамкорӣ бо тамоми театрҳои тоҷик омода аст, аммо...
270

Носир Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳамкорӣ бо театрҳои кишвар ва таҳияи намоишномаҳои телевизионӣ ибрози назар кард.

“Телевизион ҳамеша тайёр аст бо тамоми театрҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намояд. Аз ҷониби мо ягон монеа вуҷуд надорад. Аммо вақте мехоҳем нахустнамоиши ин ё он намоишномаро ба навор бигирем, роҳбарияти баъзе театрҳо мегӯянд, ки тариқи телевизион намоиш додани спектакл боиси кам шудани шумораи тамошобинон дар худи театр мегардад. Албатта онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Мо тайёрем аз репертуари солҳои пешин, ҳатто намоишномаҳои тарбиявии 10-15 сол пештар таҳия шударо ба навор бигирем. Имсол фестивали театрии “Парасту” баргузор гашта, тамоми театрҳои тоҷик бо намоишномаҳои нав меоянд. Умедворем, ки сабт кардани чанд намоишномаи нави театрӣ ба мо даст медиҳад”,- гуфт Носир Саид.

Дар идомаи суханаш раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки танҳо бо ризоияти роҳбарияти театр намоишномаҳо тариқи телевизион пахш карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД