Formula novemver 2024
НОШУКР (ҚИСМИ 2)
18.11.2020
Дилошӯб
5047

ИДОМААШ....

Аммо дилам ба Сафо гарм намешуд, ӯро бисёр вақт ба ҷогаҳам роҳ намедодам. Сафо, ки маро дӯст медошт, ин ҳамаро таҳаммул мекард. Таҳаммули ӯро дида, ман бераҳмтар мешудам, аммо Сафо ҳамоно хомӯш буду ғайри гапи хуб чизи дигар намегуфт. Дили модаронаи хушдоманам ҳис мекард, ки ман ба писараш меҳр надорам, аммо хомӯшии Сафоро дида, лаб во намекард. Фақат гоҳ-гоҳе ҳар гуна панду ҳикояҳо карда, ба ман ҳушдор медод, ман аз шарм ба рӯяш нигоҳ намекардам. Зеро худамро назди ин зани меҳрубон гунаҳгор медонистам.

                                 Модари бемеҳр

Худованд ба бедилиҳоям нигоҳ накарда, маро аз беҳтарин неъмат дар зиндагӣ- фарзанд баҳраманд гардонид. Дар қадам фарзанд пайдо шуд, вале ман ба ҷойи шукр гуфтану дӯст доштани шавҳари меҳрубонам, бадтар шудам. Акнун умуман бо Сафо гап намезадам, хаставу нотавон будам, дилбеҳузурӣ ва дарди сар азобам медод. Ҳамеша ба модарам мегуфтам, ки барои чӣ ҳомиладор шудам, кошкӣ фарзанддор намешудаму аз Сафои сиёҳ ҷудо мешудам. Модарам маро ношукру худобехабар номида, ҳамроҳам ҳамеша ҷангу ҷанҷол мекард. Муҳлати ҳомиладориям пушти сар шуду писараки зебое ба дунё овардам, вале дилам хурсанд набуд. Ягон меҳре ба ин кӯдаки бегуноҳи маъсум эҳсос намекардам. Сафо ҳар рӯз бо дастовезҳои зиёд ба беморхона меомаду рӯзи рухсат шуданам аз таваллудхона ҳам ба сари ходимони тиб пулу гул рехт.

Чилаамро дар хонаи модарам бароварда, ба хонаи худам рафтам, хушдоманаму Бунафша намегузоштанд дастамро ба оби хунук занам. Рӯзи дароз нигоҳубини Вафои хурдакак ба зиммаи бибияш буд, шабҳо аз ман зиёдтар Сафо нигоҳубин мекард писарчаамонро. Бечора Сафо шояд ба умеди каме ҳам бошад нарм шудани ман ба фарзандамон Вафо ном гузошта буд, вале….

                    Марги фарзанд ва ҷудоӣ

Ба фарзандам кам-кам одат мекардам, Вафоча акнун шашмоҳа шуда буду сергӯштаку хандонак буд. Аммо ман дигар ба ӯ шир намедодаму ба шири сунъӣ ва шири гов омӯхтааш кардам, то баъди яксола шуданаш вайро бо бибияш гузошта ба кор бароям. Сафо ба ин корам розӣ набошад ҳам, чизе намегуфт. Шояд аз шири модар ҷудо шудан буд ё чизи дигар, ки писараки сиҳату саломат ба бемории дарунравӣ гирифтор шуда, дар як ҳафта шамъ барин об шуда вафот кард. Сафо дар марги писарчаамон хун мегирист, хусуру хушдоманам ҳам, Бунафша бошад, як моҳи дароз куртаҳои ҷиянчаашро бӯй кашида, фарёд мезад. Ман ҳам сахт дилтанги писаракам будам….

Баъди як моҳи марги писарчаам ба кор баромадам, Сафо дигар он Сафои меҳрубони пешин набуд. Гӯё ман барояш умуман бегона бошам, на наздам медаромаду на ба рӯям нигоҳ мекард, ҳамин тавр девори оиладории мо оҳиста- оҳиста фурӯ мерафт. Ман аз ин ҳама розию мамнун будам ва оқибати кори мо бо ҷудоӣ анҷом ёфт. Ман бо касе ҷангу ҷидол накардам, аҳли хонаводаи шавҳарам низ маро бад нагуфтанд. Вақте ҳамроҳи апаам барои овардани бору бунам рафтам, Бунафша дудаста ба гарданам часпида, зорӣ мекард:

-Янгаҷон, наравед, ман шуморо дӯст медорам, илтимос, наравед….

Хушдоманам ба рӯям нигоҳ накарда, омада бо ҷорӯби дар дасташ буда дуто ба пушти духтараш зада гуфт:

- Э муре, ин малика бо сиёҳҳо зиндагӣ кардан намехоҳад. Чӣ зорияш мекунӣ? Худованд ин дафъа дар тақдираш марди сап-сафеде бошад. Ман нафаси осуда кашида, ба хонаи волидонам баргаштам, он ҷо хонаеро барои худам оро дода, мизу курсиямро гузоштаму пурра ба кор часпидам. Субҳ мебаромадаму бегоҳ бармегаштам, чунин буд зиндагонии ман…

                                 Бахти дуввум

Чор соли дароз ғайр аз роҳи мактабу роҳи хона дигар роҳеро намедонистам. Хостгорҳо низ буданд, аммо дилам аз ҳама чиз сард буд, мехостам ин дафъа бо ишқу муҳаббат хонадор шавам ва Худованд оҳамро шунид.

Акнун дар вазифаи директори мактаб кор мекардаму як шоми зимистонӣ аз маркази ноҳия, аз маҷлис баромадаму то деҳа дигар мошин наёфтам. Автобус низ рафта буд. Аз истгоҳи автобус ноумед роҳ ба сӯйи хонаи духтари холаам, ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард, пеш гирифтам. Ҳамин вақт «Волга»-и сиёҳи зебое наздам қарор гирифта пурсид:

-Хонум, сафарҳо ба хайр? Ман Назар, корманди ҳукумати ноҳияро шинохтам, салом додаму гуфтам, ки автобус рафтааст, таксӣ ҳам нест, акнун ба хонаи хоҳарам мераваму фардо ба деҳа. Назар бо меҳрубонӣ гуфт, агар хоҳед, ман шуморо ба деҳа бурда мемонам, боз ба шумо гапам буд….

Ман мондаю гурусна будам ва ҳар чӣ зудтар ба хона рафтан мехостам, боз Назарро мешинохтам, гоҳ-гоҳ дар маҷлисҳо вомехӯрдем, аз ин рӯ, дари қафои мошинро кушода нишастам. Дар роҳ аз гап гап баромаду Назар гуфт, ки занаш аз бемории саратон оламро падруд гуфтаасту мехоҳад хонадор шавад.

- Як духтару як писар дорам, онҳоро кампири модарам нигоҳубин мекунад, дар ҳавлии калон бо як сари қоқам чӣ ҳам мекардам. Ҳамин тавр, суҳбати мо гарм шуду баъди як моҳ ман бо розигии волидайн, бори дуввум шавҳар кардам.

                  Имтиҳони зиндагӣ

Зиндагиям бо Назар хеле гуворо мегузашт. Дар ҳавлии зебову муҷаҳҳаз ду нафар зиндагӣ мекардем, фарзандони шавҳарам бо падару модараш дар кӯчаи дигар зиндагӣ менамуданду гоҳ-гоҳ чу меҳмон ба хонаи мо меомаданд. Назар дар оила писари ягона буду волидайнаш набераҳояшонро гул барин нигоҳ мекарданд. Баъди як соли зиндагии якҷояамон ман соҳиби духтарча шудам, хурсандии моро ҳадду канор набуд. Зеро ману шавҳарам ҳамдигарро зиёд дӯст медоштем. Духтаракам рӯз ба рӯз ҷон гирифтаву хандонрӯ мешуд, ману падараш дар атрофаш парвонавор давр мезадем.

Аммо хурсандии мо дер давом накард, духтаракам ба бемории бедавое печида, дар як шабонарӯз мисли шамъ сӯхтаву пеши назарамон об шуд. Рӯзи марги духтараки ғурамаргам сарамро ба сангҳо мезадам, мегиристам нола мекардам, аммо замин сахт буду осмон баланд. Тақдирро тадбир набуд. Пас аз як соли марги духтарам шавҳарам ба бемории сафедпӯстӣ гирифтор шуда, тамоми баданаш сап-сафед шуд. Як марди зебои чорпаҳлӯи хушсухан, акнун кунҷи хонаро ихтиёр карда буду бо касе гап намезад.

Ман дар мактаби наздикии хона чун муаллимаи одӣ кор карда, бори зиндагӣ мекашидам, шабҳои дароз болиштамро аз оби дида тар карда, аз Худованд мадад металабидам…            

                                 Оқибати ношукрӣ

Солҳо чун турнаҳо аз самои умри мо мегузаштанду мерафтанд, падару модарам аз дунё гузаштанд. Хусуру хушдоманам низ, фарзандони шавҳарам оиладор шуданду ҳар кадом аз пайи зиндагии хеш. Бо мо калон нашуда буданд, аз ин рӯ, меҳре надоштанду мисли меҳмон омада, як соат, ду соат истода мерафтанд. Шавҳарам ба беморияш тан дода, ба кирокашӣ машғул шуд, акнун ман бо пули омӯзгорию ӯ бо пулӣ аз кироякашияш ба даст оварда зиндагиямонро пеш мебурдем. Писари шавҳарам барои падараш мошини наве харида дода, бо ҳамин қарзи фарзандияшро дар назди ӯ иҷрошуда меҳисобид. Худованд дигар ба ман фарзанд надод…

Имрӯз нафақахӯрам, дарди миён азобам медиҳад ва ба зӯр роҳ мегардам. Зиндагиро як бало карда пеш мебарем, аммо азоби танҳоӣ диламро пора месозад. Ҳар гоҳе ба деҳа, ба хабаргирии наздиконам равам, мешунавам, ки зани Сафо барои ӯ шаш писар ҳадя намудааст. Сафо имрӯз марди бадавлат- ҳоҷӣ аст. Дили ман акнун ба ёди писараки аёми ҷавониям ба чанги хок додаам месӯзад. Доим андешаҳоям атрофи ӯ пар мезанад, агар Вафоҷони ман зинда мебуд, имрӯз ман соҳиби келину набера мебудаму чунин хорӣ намекашидам.

Ин ҳама азобҳоям оқибати ношукриҳоям аст, беҳуда нагуфтаанд, ки Худованд шокиронро дӯст медорад….

Мақсади навиштани нома ба идораи  «Оила» танҳо додани ҳушдор ба он нафаронест, ки бо додаи Худои бузург шукрона намекунад…

                                                             Бо эҳтиром Назокат

                                                              Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД