Formula novemver 2024
НОШУКР
17.11.2020
Дилошӯб
5812

 Духтари раис

Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, бале зиёӣ, зеро падарам деҳқон, раиси як хоҷагии машҳур бошад ҳам, марди фарҳангию бамаърифат буданд. Модарам низ… Модарам ҳазорон байт аз гузаштагонамон аз ёд медонистанд, мо шаш фарзандашонро ба ғазалҳои бузургон панд медоданд…

Дар муҳити бисёр фарҳангии оилаамон мо чор писару ду духтар меҳрабону озода ва сухандон ба воя расидем. Бародаронам дар кадом ҷодае заҳмат кашанд ҳам, ҳамеша китоб мехонданду шахсони огоҳ аз илму дониш буданд. Дар хонаи мо ҳамеша атрофи ин ё он асари наву шеъри хубе баҳс барпо мегашт. Кинофилмҳои навро низ якҷоя тамошо карда, онро байни ҳам муҳокима мекардем, хулоса як муҳити хуби фарҳангӣ дар хонаводаамон муҳайё буд. Апаам духтур ва ман муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик шуда кор мекардем. Падарам шахси ниҳоят ҷиддӣ ва ҳалолкор буданд ва моро низ ба ҳалолхӯрию дасти пок доштан даъват мекарданд, мо ҳиҷ гоҳ аз фарзанди раис буданамон ифтихор намекардем. Баробари дигарон кору зиндагӣ мекардем…

                         Вазири падар

Падарам марди босалобату сиёсатдор бошанд ҳам, дар ҳама кор бо модарам маслиҳат мекарданд. Он кас шӯхиомез модарамро вазири ман мегуфтанд. Хоса, сариштаи масъалаи издивоҷи фарзандон пурра дар дасти модарам буд. Чор бародарам маҳз аз рӯйи маслиҳати модарам хонадор шудаанд. Шумо гумон накунед, ки модарам ду пояшро ба як мӯза тиқонда, хоҳӣ нахоҳӣ арӯси ёфтаи маро мегирӣ гуфта, онҳоро маҷбур мекарданд. Не… Аммо арӯсро худашон меёфтанду баъд бародаронам духтарро дидаву санҷида, бо вай хонадор мешуданд. Апаам низ баъди хатми омӯзишгоҳи тиббӣ бо роҳбаладии модарам ба ҷавони ҳамдеҳаамон расида, зиндагии хуб дошт. Навбати ман ҳам расид, ман тамоми хостгорҳоро рад карда гуфтам, ки то донишгоҳро тамом накунам, дар бораи шавҳар, ҳатто фикр намекунам. Модарам андешаманд гуфт:

-Донишгоҳро хатм кардӣ, синну солат меравад, ба ин хел духтар кам хостгор мебарояд.

Аммо ман дар ақидаам устувор истодаму бародари калониям низ маро тарафдорӣ намуд. Умр чун оби равон мегузарад, дар як мижа задан панҷ соли тиллоии донишҷӯйӣ ҳам гузашт. Ман дар мактаби деҳаамон ба ҳайси муаллима ба кор даромадам, часпу талош ва дарсгузарониямро дида, маро баъди як сол ҷонишини директори мактаб таъин карданд. Хостгорҳо ҳамоно меомаданду мерафтанд, ман касеро дӯст намедоштам ва ҷавонони талабгор низ маъқулам набуданд. Падару модарам маслиҳат карданд, ки аз байни талабгорони ман худашон шахси арзандаро пайдо мекунанду маро ба шавҳар медиҳанд….

                                Домоди арзанда

Соли дуввуми кориям домоди арзанда низ пайдо гашт, ӯ як хеши дури модарам буд, ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекарданд. Сафо донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм карда, дар ҳукумати ноҳия ба ҳайси муҳосиб кор мекард. Вай ҷавони қоматбаланду зебо, боақл маданӣ, вале мисли зангиҳо сип-сиёҳ буд. Падару модар ва бародаронам ба хостгорон розигияшонро баён карданд, вале ман зор-зор мегиристам, ки ба Сафои сиёҳ намерасам. Падарам хомӯш ба модарам менигарист, модарам бошад, бо овози баланд гуфт:

-Мерасӣ, мемурию мерасӣ! Сафо аз оилаи хуб, худаш низ ҷавони боақлу болобалани зебост. Сиёҳӣ ин айб нест, баъд кӣ гуфта, ки мард бояд мисли занон сап-сафед бошад?! Хулоса, ба нею нестони ман нигоҳ накарда, пайвандонам маъракаҳои пеш аз тӯйро гузарониданд. Дар ҷойи корам ҳама маро табрику таҳният мегуфтанд, ки ба чунин ҷавони сазовор ба шавҳар мебароям. Аммо дилам сип-сиёҳ буд, Сафоро намехостам!

Волидони Сафо тӯйи ҳамон замонҳо машҳури «комсомолӣ» гузаронида, маро бо сад ҳавас арӯс карда, ба хонаашон бурданд. Аммо дили ман хурсанд набуд…

                                      Арӯси бедил

Сафо байни чор хоҳар писари ягонаи волидайнаш буд, се апааш кайҳо шавҳар карда, пайи зиндагии худ буданд ва хоҳари хурдияш Бунафша дар мактаби миёна мехонду дастёри беминнати ман буд. Сафо маро зиёд дӯст медошту равои озорамро надошт, хусуру хушдоманам ҳам келинҷон гуфта, садқаю балогардонам мешуданд. Хулоса, дар хонаи шавҳар ман ягон танқисӣ надоштам…

Ман ҷойи корамро иваз кардан нахоста, дар мактаби деҳаи худамон кор мекардам. Субҳи барвақт хеста, ҳавлиро меруфтаму хонаи хоби худамро тамиз намуда, ҳамроҳи Бунафшаи қобилак наҳорӣ тайёр карда мехӯрдему шавҳарам маро ба мошини он вақтҳо шуҳратёри «Волга»-аш шинонида, ба мактаб мебурд. Дигар то бегоҳ кору бори хона бар зиммаи Бунафшаю хушдоманам буданд, бегоҳ ману Сафо аз кор бармегаштему сари хони пурнозу неъмат менишастем. Аммо дилам ба Сафо гарм намешуд, ӯро бисёр вақт ба ҷогаҳам роҳ намедодам. Сафо, ки маро дӯст медошт, ин ҳамаро таҳаммул мекард. Таҳаммули ӯро дида, ман бераҳмтар мешудам, аммо Сафо ҳамоно хомӯш буду ғайри гапи хуб чизи дигар намегуфт. Дили модаронаи хушдоманам ҳис мекард, ки ман ба писараш меҳр надорам, аммо хомӯшии Сафоро дида, лаб во намекард. Фақат гоҳ-гоҳе ҳар гуна панду ҳикояҳо карда, ба ман ҳушдор медод, ман аз шарм ба рӯяш нигоҳ намекардам. Зеро худамро назди ин зани меҳрубон гунаҳгор медонистам.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД