toyota motors
Ношхухпа
24.04.2026
Oila.tj
15

Ношхухпа яке аз хӯрокҳои миллии мардуми тоҷик буда, онро бештар сокинони Бадахшон омода мекунанд. Ношхухпа навъи атола мебошад, ки аз зардолуи қоқ ва ғӯлинг тайёр карда мешавад.

Тарзи омода кардани ношхухпа

Аввал як коса ғӯлингро гирифта, онро тақрибан як соат дар об тар мекунанд. Пас аз он ба ғӯлинг ду литр об илова намуда, каме шакар меандозанд ва онро ба ҷӯш меоранд. Маҳсулотро тақрибан ним соат меҷӯшонанд, то зардолу мулоим шуда, шираи худро ҷудо кунад. Дар ин миён, се-чор қошуқ орд гирифта, ба он каме аз оби гарм (аз дег) илова намуда, хуб омехта мекунанд, то ки орд комилан ҳал шуда, беғӯра (бешира) гардад. Сипас, омехтаи ордро оҳиста-оҳиста ба деги зардолуи ҷӯшидаистода мерезанд ва пайваста омехта мекунанд, то ки гиреҳ нашавад. Баъд аз ин, ношхухпаро боз панҷ-шаш дақиқа меҷӯшонанд. Пас аз тайёр шудан, ношхухпа омодаи истеъмол мегардад.

Фоидаҳо

Ношхухпа барои саломатии инсон хеле муфид аст. Онро махсусан ҳангоми дарди гулӯ ва зуком истеъмол мекунанд, зеро хусусияти гармкунанда ва нерӯбахш дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД