Ҳудуди 53%-и муаллимони рус аз донишандӯзии фарзандони муҳоҷирон норозигӣ баён намуда, гуфтаанд, ки кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ натанҳо забони русиро хуб намедонанду намефаҳманд, балки дар аз худ намудани барномаи дарсӣ низ бисёр душворӣ мекашанд.
Зимни як тадқиқот, ки аз ҷониби Маркази иқтисодиёт ва маорифи ИПЭИ РАНХиГС гузаронида шуд, аксари муаллимони мактабҳои миёнаи Россия аз сатҳи дониши кӯдакони муҳоҷир изҳори нигаронӣ намуда, гуфтаанд, ки қобилияти донишомӯзии кӯдакони оилаҳои муҳоҷир хеле паст аст.
Зимни тадқиқот назари 2064 нафар омӯзгорони мактабҳои миёна аз Новгород, Челябинск, Ярославск ва дигар минтақаҳои Россия пурсида шуда, ҳудуди 40%-и муаллимон гуфтаанд дар синфҳояшон кӯдакони оилаҳои муҳоҷир таҳсил мекунанд ва бо сабаби надонистани забони русӣ ва паст будани қобилияти дарсазхудкунии онҳо муаллимонро лозим меояд, ки бо ин бачаҳо дарсҳои иловагӣ гузаронанд.
Беш аз 52% муаллимони рус шикоят кардаанд, ки кӯдакони оилаҳои муҳоҷир забони русиро намедонанд, 64 %-и дигар бошанд, иқрор шудаанд, ки маҷбур мешаванд дучанд заҳмат кашанд, то шогиридони хориҷиашон аз барномаи таълимӣ қафо намонанд.
Дар соли 2023 дар мактабҳои Россия 181,5 ҳазор кӯдакони оилаҳои муҳоҷир ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар мактабҳои Россия зиёда аз 2000 кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ таҳсил мекунанд, ки маъюбият доранд.
Ба иттилоъи расонаҳои русӣ шумораи умумии кӯдакони оилаҳои муҳоҷир бо шумули бачаҳое, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, беш аз 800 ҳазор нафарро ташкил менамояд. Аз ин шумора ҳудуди 500 ҳазорашон кӯдакони синну соли мактабӣ ҳастанд, вале ҳамагӣ 36,3%-и кӯдакони оилаҳои муҳоҷир ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.