arzon replenishment
Нон ва нонпазӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
3376

Чанд шаб боз нон хоб мебинам. Гоҳ нон тақсим мекунам, гоҳе касе ба хонаам нон меорад ва гоҳи дигар хоб мебинам, ки нон пухта истодаам. Мехоҳам донам, ки нон ва нонпазӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?

Сабоҳат, обуначии "Оила"

Аслан нон дар хоб ризқу рӯзие мебошад, ки насиби шахси хобдида мегардад. Дар хобномаҳо омадааст, ки нони сафеди мулоим дар хоб рамзи зиндагии серу пур ва поку хушбахтона аст, вале нон дар хоб таъбирҳои дигар низ дорад.

Кас хоб бинад, ки ба одамони камбағал нон тақсим карда истодааст, агар одами оддӣ бошад, донишҳои нави судманд меомӯзад ё дороияш афзун мегардад, вале рӯҳонӣ, яъне мулло ё эшон бошад, дигаронро ба роҳи ҳақ ҳидоят хоҳад кард.

Хоб бинед, ки шахси кайҳо аз олам гузашта, яъне мурда ба шумо нон дароз карда истодааст, аз ягон сарчашмае, ки ҳеҷ интизораш набудед, даромади калони пулӣ ба даст меоред ё яке наздиконатон дороияшро ба шумо мерос мегузорад.
Зан ё марди муҷаррад нон хоб бинад, ҷуфти муносиби хешро пайдо намуда, оиладор мешавад.

Нони калони гирда дар хоб ризқу насибаи бузургест, ки барои амалҳои некаш худованд ба шахси хобдида насиб мегардонад.

Нон дар хоб нишонаи раҳоӣ ёфтан аз ғаму дард ҳам буда метавонад, аммо нони гарми сӯзонро хоб дидан хуб нест. Оташ рамзи шайтон аст, аз ҳамин хотир баъзе таъбиргарон мегӯянд, хоб дидани нони ба мисли оташ сӯзон нишонаи макру фиреб ва ё ба даст овардани даромад бо роҳи начадон ҳалол мебошад.

Нони мағордамидаро хоб дидан нишонаи амали ношоистае мебошад, ки боиси хиҷолат кашидан ва рехтани обрӯи шахс гашта метавонад. Хӯрдани нони сахт ва зағорзада дар хоб ба хасисии шахси хобдида ишорат мекунад.

Хоб бинед, ки нони гарми хуштамъ хӯрда истодаед, бо бародарон ва ё дӯстони ҷониатон вомехӯред. Пухтани нон дар хоб гувоҳи он аст, ки шахси хобдида ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зиндагиаш меҳнат мекунад ва талошҳояш самари хуб дода, билохира ҳаёти серу пур насибаш хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Муродбек 2023-10-02, 06:20
Хоб дидам Ки дар нонпазхона хастам ва касе дар дедон нон часпондааст ва онхо афтидаанд Ман онхоро аз даруни оташ гирифтаву берун кардам Ки онхо хокистаролуд шудааст. Ва Боз Ду дона норм тунуки гирдаро ба касе аз ончо фурухтаму аммо пулашро ногирифта бедор шудам .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Муродбек 2023-10-02, 06:20
Хоб дидам Ки дар нонпазхона хастам ва касе дар дедон нон часпондааст ва онхо афтидаанд Ман онхоро аз даруни оташ гирифтаву берун кардам Ки онхо хокистаролуд шудааст. Ва Боз Ду дона норм тунуки гирдаро ба касе аз ончо фурухтаму аммо пулашро ногирифта бедор шудам .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД