Formula novemver 2024
Номзадкунӣ чӣ маънӣ дорад?
19.05.2023
ОИЛА
740

Номзадӣ давроне аст, ки баъд аз мувофиқат кардани ду нафар барои издивоҷи оянда шурӯъ мешавад. Қарордоди номзадӣ боиси пайдоиши уҳдадории нави ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибати хешовандӣ мегардад.

Номзадӣ санад ва расмиёти қонунӣ надорад. Монанди қарордоди шифоҳие мебошад, ки баъд аз хостгорӣ омадани ҷониби мард, миёни ду тараф ба анҷом расонида мешавад. Ин маънӣ дар маъракаи номзадӣ бо ангуштарӣ ва ё радду бадал кардани ҳадяҳо ба арӯс анҷом мепазирад. Аслан номзадӣ муҳлати муайян надорад, вале агар тарафҳо ин марҳиларо аз 5 то 9 моҳ муайян намоянд, ин барои шинохт ва омодагӣ ба издивоҷ хубтар аст. Дар ҳолати тӯл кашидани даврони номзадӣ хастагӣ ва дилсардиҳо ба миён омадан мумкин, ки ин ба ду тараф садамаи равонӣ мерасонад.

Дар Юнони кӯҳан маросими номзадӣ чун муомилаи тиҷоратӣ ба таври қарордоди шифоҳӣ байни домод ва падари духтар сурат мегирифт, ки дар он духтар иштирок намекард.

Аз соли 2007 дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва дар моддаи 10-и қонуни мазкур зикр гардидааст: «Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳат­ошӣ, идонабарӣ… манъ карда шудааст». Қабл аз тасвиби қонуни мазкур ин маросимҳо пурдабдаба ва бо харҷи зиёд гузаронида мешуд. Ҳоло дар кишвари мо бисёр маврид аз ҷониби домодшаванда ба хонаи духтар хостгорӣ меоянд ва маросими номзадӣ ба сурати меҳмонии маъмулӣ, бо суҳбат доир ба издивоҷи ҷавонон, муайян кардани рӯзи тӯй, таҳияи феҳристи меҳмонон гузаронида мешавад.

Синну соли номзадшавӣ ва маросимҳои то ақди никоҳ

Солҳои охир дар баъзе деҳоти дурдасти кишвар номзадкунии бармаҳал амри воҷиб шудааст. Духтар, ки 14 ё 15 — сола шуд, бояд дари онҳоро хостгорҳо кӯбанд ва волидайни духтар бо калонсолони оила маслиҳат намуда, барои ба шавҳар додани духтарашон ризоият диҳанд. Аҷиб он аст, ки волидайн ё худи духтар дар интихоби домодшаванда баъзан дуруст андеша намекунанд. Бештар ба ҷанбаи моддиёт, масоили иқтисодӣ меандешанд.

Дар бораи соҳибтахассусии домоди оянда касе чизе намепурсад. Мабодо хостгорҳо худашон изҳор кунанд, ки писарашон 24-27 — сола аст, волидайни духтар ва худи духтар дар ҳайрат афтида, дарҳол мепурсанд, ки чаро то ҳол оиладор нест? Бале, ҷавони 27 — сола ба назари мардуми деҳ калонсол менамояд. Ба назари онҳо номзадшавандагон, духтар 14-15 сола ва писар 17-18 сола бояд бошад!

Ин намуди номзадкунӣ, ки тамоюли яке аз маросими мардумӣ шуданро касб кардааст, дар хонаи духтар бо иштироки 3-4 намоянда аз ҷониби домодшаванда барпо мегардад.

Намояндагони домодшаванда бо армуғони зиёд (харҷи армуғонҳо то 10-12 ҳазор сомонӣ) ба маросими фотеҳакунӣ меоянд. Ҷониби духтар дастархони пуранво мекушоянд ва баробари фотеҳаи сафед додан ба меҳмонон либосҳои замонавӣ туҳфа медиҳанд. Баъд аз ин рӯз ҷавону духтар фотеҳакарда (номзадшуда) ба ҳисоб меравад.

Ҳар тамоюле сабабу омилҳои хешро дорад. Замони шӯравӣ марҳилаи аввали баъдишӯравӣ зуҳуроти номзадкунии бармаҳал ба истиснои падидаи «гаҳворабахш» тамоман вуҷуд надошт. Ин падида — «гаҳворабахш» дар замони шӯравӣ зери тозиёнаи танқид қарор мегирифт ва аҳён ҳодисаҳое ба назар мерасид, ки баъзе оилаҳо ин анъанаро идома медоданд, албатта, пинҳонӣ. Имрӯзҳо ҷойи гаҳворабахшро «номзадкунии бармаҳал» гирифтаву аз деҳаҳо ба шаҳр интиқол ёфтааст.

Тамоюли номзадкунии бармаҳал ҳам аз охирҳои солҳои 90-уми асри ХХ оѓоз ёфта, омилҳои гуногун дорад. Яке аз он хуруфот — ақидаҳои беасоси динӣ мебошад. Тибқи ин ақида, волидон бояд, ки дар 14-15-солагӣ духтарашонро ба ҷавоне фотиҳа намоянд, то духтар ба ҷавони дигаре дил набандад. Сабаби таассуб ва тақлид аст, ки агар яке аз хешон ва ҳамсоягон духтарашонро барвақт бо оилаи обрӯманде номзад карданд, дигаре ҳам ин корро ҳатман анҷом медиҳад. Савум, ин аз манзалати худи модарон вобастагӣ дорад. Онҳое, ки соҳибтахассус нестанд, образи зиндагии хешро авлотар аз ҳама гуна тарзи зисти дигарон мебинанд ва ба шавҳар баромадани духтарро беҳтар аз таҳсил кардану соҳибҳунар шудан медонанд. Шароит фароҳам меоранд, то духтарони худро бармаҳал номзад намоянд, агар барвақттар ва ба хостгори мувофиқ надиҳанд, «бозори» духтар коста мешавад.

Дар ин росто барои писарон омилҳои бармаҳал номзадшавӣ фарқият дорад ва омил ягона аст: рӯй тофтан аз хизмати ҳарбӣ. Бо роҳи бармаҳал номзад ва сипас оиладор шудан соҳиби ду фарзанд мегарданд, бо ҳамин уҳдадории ҳарбӣ аз дӯшашон бардошта мешавад.

Пайомадҳои манфии номзадшавии бармаҳал

Маҳатма Гандӣ гуфта буд: «Агар мард бесавод монад, фоҷиаи танҳо ӯст, агар зан бесавод монад, фоҷиаи миллат аст». Умдатарин пайомади манфии номзадшавии бармаҳал ин бе ихтисос ва бе касб мондани модари оянда аст. Суоле пеш меояд, ки дар авҷи рушди илму техника модари оянда, ки талош барои соҳибихтисос шудани хеш надорад, чӣ гуна ба фарзандонаш тарбия медиҳад? Олами ахлоқу адабро чӣ сон ба рӯи фарзандаш мекушояд? Магар дар ин муҳит олиму нависанда, ихтироъкору кашшоф ба воя мерасад?

Корбарон омӯхтаанд, ки маҳз номзадшавии бармаҳал сабаби пошхӯрии оилаҳо мегарданд. Сабаби асосии пошхӯрии оилаҳо омода набудани зану шавҳар ба зиндагии якҷоя ва дахолати шахсони калонсоли хонадон аст. Яке аз падидаи манфии зуҳуроти мазкур ин аст, ки то ба синни никоҳӣ даромадани номзадҳо аз ҳар ду тараф хароҷоти зиёдро тақозо менамояд. Айёми иду зодрӯз ҳар сол тарафҳо ба ҳам туҳфа ирсол менамоянд. Баъзан ҳимматҳои тарафайн ба ҳам мақбул намешавад ва боиси шикастани фотеҳа мегардад.

Мақомотҳои дахлдор, волидон, омӯзгорон, ашхоси барӯманди маҳалро зарур аст, ки сари вақт нисбат ба пешгирии ин зуҳурот чораандешӣ намоянд.

Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ф

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД