– К –
КАБИР а. کبیر 1. бузург («ФЗТ», «Муъин», «ФНЭ»); меҳин, меҳина («Вожаҳои сара»); калон («Фарҳехта»).
2. бузург дар тавоноӣ ва дар давлату сарват ва зӯру қувват («Нозим», «Деҳхудо»);
3. солдор, он ки дорои соли бисёр бошад («Деҳхудо»);
4. ба балоғат расида, комилгашта («ФНЭ»);
5. баландмартаба («ФНЭ»);
6. тануманд («ФНЭ»); азим («Нозим», «Деҳхудо»);
7. исми ҳиндӣ-туниёист («Дурҷ»);
8. лақаби Искандари Мақдунист («Дурҷ»);
9. лақаби Куруши Ҳахоманишист («Дурҷ»);
10. лақаби Дориюши аввал подшоҳи Ҳахоманишӣ («Дурҷ»);
11. ниг. Абдулкабир.
КАВСАР کوثر чашмае дар биҳишт.
КАЁ کیا 1. бузургӣ, арҷмандӣ («Зебоном»);
2. подшоҳ («Дурҷ»).
КАЁВУШ کیاوش мисли подшоҳ, монанди подшоҳ («ФНЭ»).
КАЁЗОД کیازاد зодаи бузургон, аз нажоди шаҳрёрон ва арҷмандон («Зебоном»).
КАЁН کیان 1. бузургон
2. подшоҳон.
КАЁНӮШ کیانوش бузургу ҷовидон («Зебоном»).
КАЁРОД کیاراد бузургибахшанда («Зебоном»).
КАЁРУХ کیارخ касе, ки рухаш монанди подшоҳон ё шаҳрёрон бошад, касе, ки чеҳра ва рӯи бузургонро дорад («Зебоном»).
КАЁФАРکیافر бузургу бошукӯҳ, шаҳрёри бошукӯҳ («Зебоном»).
КАЙ کی подшоҳи бузург.
КАЙВОН کیوان номи Зуҳал аст («Сиҳоҳ», «Л.Фурс»); номи ситораи Зуҳал, ки ба фалаки ҳафтум аст («Муъин», «Fиёс», «Туҳфат-ул-аҳбоб»);
2. монанди бузургон, монанди шоҳон («Зебоном»).
КАЙКОВУС کیکاوس 1. ба маънии одил ва асил ва наҷиб бошад, чи Кай ба маънии одил ва Ковус ба маънии асил ва наҷиб ҳам омадааст («Дурҷ»);
2. подшоҳи орзу, шаҳрёри хоҳишҳо ва орзуҳо («Зебоном»);
3. номи подшоҳе аз Эрон, ки Рустам аз рафиқони ӯ буд («Fиёс»); дувумин подшоҳ аз силсилаи Каён, писари Кайқубод, падари Сиёвуш, Ковус ҳам гуфта шуда («Амид»).
КАЙҚУБОД کیقباد 1. шоҳи маҳбуб ва гиромӣ («ФНЭ»);
2. падари Кайковус ва аввалин шоҳи каёниён («ФНЭ»);
КАЙХУСРАВ کیخسرو 1. подшоҳи некном («ФНЭ»);
2. писари Сиёвуш, севумин подшоҳи Каёниён («ФНЭ»);
КАЛИМ а. کلیم1. сухангӯ («Фарҳехта», «ФНЭ»);
2. ҳамсухан («Фарҳехта», «ФНЭ»); ҳамсуҳбат («ФЗТ», «Муъин»);
3. лақаби Мӯсо (а) чаро ки аксар бо Ҳақ таоло калом мекарданд («Fиёс»);
2. гуфт, гуфтор
КАМОЛ а. کمال 1.пуррагӣ, мукаммалӣ; фазилат («ФЗТ»);
2. ниҳоят, мунтаҳо («ФЗТ»); тамом шудан («ФНЭ», «Фарҳехта»);
3. тахаллуси шоирони номвар Камоли Исфаҳонӣ ва Камоли Хуҷандӣ.
КАМОЛУДДИН а. کمال الدین 1. мӯҷиби тараққии дин («ФНЭ»);
КАНЪОН а. کنعان номи сарзамине будааст байни Лубнон ва Сурияи қадим («ФНЭ»); номи шаҳри Яъқуб (а) («Fиёс»); номи шаҳрест, ки маскани Яъқуб (а) будааст («Бурҳон», «Онандроҷ», «Деҳхудо»).
КАРИМ а. کریم 1. сахӣ, босаховат; ҷавонмард, соҳибэҳсон («ФЗТ») бахшанда, баикром, сахӣ («Фарҳехта», «Муъин»); саховатманд («ФНЭ»);
2. даргузаранда аз гуноҳ («Деҳхудо»);
3. меҳмонпарвар («Вожаҳои сара»);
4. некӯкор («Муҳаззаб-ул-асмо», «Ас-сомӣ-фи-л-асомӣ»); бузургвор баландҳиммат, боҷалол, меҳрубон, хайрхоҳ, некандеш, некниҳод («Деҳхудо»);
5. ниг. Абдулкарим.
КАРАМ - کرم бахшиш ва саховат
КАРИМ - كریم босаховат, бахшандаи гуноҳ (сифати Худо).
КАЮМАРС کیومرث 1. зиндагии гузарон, аз миён раванда, фаношаванда («Зебоном»);
2. номи подшоҳе, ки аввал дар ҷаҳон подшоҳӣ карда («Онандроҷ», «Деҳхудо»).
КАЮМЕҲР کیومهر меҳри зиндагӣ, меҳри пайванд миёни офарида ва офаридгор («Зебоном»).
КОВА کاوه 1. оҳангари инқилобӣ, маъруф дар аҳди бостон, ки алайҳи Заҳҳоки мордӯш ба по хост («ФНЭ»); номи оҳангарест, ки бар Заҳҳок хурӯҷ карда, Фаридунро ба тахт нишонда буд («Fиёс»);
2. лафзи «кова» ба маънии шуҷоъ аст, ба шарте, ки «ҳо» – ро зиёда шуморанд («Сироҷ», «Fиёс»).
КОВАН کاون огоҳкунанда, огоҳидиҳанда («Зебоном»).
КОВУС کاوس аз подшоҳони силсилаи каёнӣ, писари Кайқубод ва падари Сиёвуш («ФНЭ»);
КОМАК کامک орзу, хоҳиш («Зебоном»).
КОМБАХШ کامبخش 1. муродбахш, бахшандаи ком, диҳандаи орзу («ФНЭ», «Муъин»); бахшандаи орзу, ба орзу расонанда;
2. фарзанди кӯчаки Оламгир аз Темуриёни Ҳинд. Дар соли 1088 ҳ.қ. ба дунё омада ва аз ҷониби падари худ ба ҳукумати Дакан мансуб гардид ва дар соли 1119 ҳ.қ. дар ҷанге, ки дар Ҳайдаробод рух дод, ба қатл расид («Деҳхудо»).
КОМВАР کامور комҷӯ, комхоҳ, комрон («Зебоном»).
КОМДЕҲ کامده муродбахш, комбарор, комдиҳанда.
КОМДИН کامدین он ки дар дин ба комёбӣ расида бошад («Зебоном»).
КОМБИН کامبین комхоҳанда, орзуманд, хушкунанда («Зебоном»).