Салом! Ман дар яке аз донишкадаҳои Русия мехонам, вале бо сабаби беморӣ ба Тоҷикистон омадам ва ҳоло табобат гирифта истодаам. Мехоҳам ҳафтаи оянда ба Русия баргардам ва таҳсиламро идома диҳам, вале шунидам, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ҳуҷҷатҳояшро тахт накарда бошад, номашро ба “Реестри шахсони назоратшаванда” дохил карда, аз Русия депортатсия мекунанд. Мехоҳам донам, ки ба рӯйхати мазкур номи донишҷӯёнро ҳам дохил мекунанд ё не?
АБДУЛЛО, донишҷӯ
Посух:
- Бале, ба “Реестри шахсони назоратшаванда” натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки ному насаби тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки муҳлати будубошашон ба охир расидааст, дохил карда мешавад. Шахсони бо мақсади таҳсил ба Федератсияи Русия рафта низ, агар муҳлати будубошашон ба охир расида, ҳуҷҷатҳояшонро тамдид накарда бошанд, номашон ба ин рӯйхат дохил карда мешавад.
Шуморо лозим аст, ки қабл аз сафар ба Русия ба ин рӯйхат ворид карда шудан ё нашудани номатонро санҷед.
Афтодани номи худро ба ин реестр чӣ гуна метавон санҷид?
Барои фаҳмидани он ки номи муҳоҷири меҳнатӣ ба реестри шахсони назоратшавнада афтодааст, ё не, ному насаб, санаи таваллуд, рақам ва таърихи дода шудани шиносномаи шахсро ворид кардан кифоя аст. Агар ному насаби шумо дар ин реестр бошад, дарҳол мебарояд.