Се ҷавони тоҷик бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Қазон - Оренбург ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 21-уми феврал, тахминан соатҳои 16:00 рӯй дода, мошини “Тойота” ба “Мазда” бархӯрдааст. Дар натиҷа аз 5 мусофири “Тойота”, ки ҳамаашон зодагони Тоҷикистон будаанд, 3 нафарашон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ронандаи “Мазда” низ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, фавтидагон Шерзод Сабурови 22-сола, сокини ноҳияи Деваштич, Комрон Давлатмадзодаи 20-сола, сокини ноҳияи Муъминобод ва Муҳандис Ҷонови 23-сола, сокини ноҳияи Файзобод буда, ду шаҳрванди дигари кишвари мо, ки яке 20 ва дигарӣ 25-сола мебошад, бо ҷароҳатҳои вазнин ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи Абдулинск интиқол дода шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар наздикии марз бо Қазоқистон рӯй дода, сари чанбараки мошини “Тойота” Шерзод Сабуров нишаста будааст. Шерзод Сабуров бо аҳли оилааш дар Русия зиндагӣ карда, ҳаёташро бо мусофиркашонӣ пеш мебурдааст. Муҳоҷирони тоҷик мехостаанд бо мошини ӯ баъди убури марзи Қазоқистон ба маҳали корашон баргарданд, вале дар роҳ ба садама дучор гаштаанд.
Ҷасади қурбониёни садамаро рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳашон ба хок месупоранд.