Formula novemver 2024
Ном ба ном: кӣ ба куҷо рафт?
722

Тибқи фармони Президенти кишвар ва як қарори Ҳукумати мамлакат дар ҷумҳурӣ таъиноти кадрӣ ба амал омад.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги
вилояти Хатлон таъин шуд.

Ӯ дар ин мақом Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайруллоро иваз кард, ки мирӯз бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг озод шуд. Мансаби нави ӯ ҳанӯз маълум нест.

Инчунин, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод шуда, Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин шуд. Ӯ то расидан ба ин мақом дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор мекард. 

Ҳамзамон, тибқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Сафарзода Шарифхон Нураҳмад Президенти кишвар розигӣ доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД