Formula novemver 2024
Нок - давои касалии сил ва бемориҳои мардона
494

Хӯрдани меваю сабзавот ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи манфиатҳои нок маълумот медиҳем.

Дар таркиби нок моддае мавҷуд аст, ки табъро хушу фишори руҳиро рафъ месозад ва ба кас қувваву мадор мебахшад. Ноки пухта барои рафъи фишори равонӣ, муътадил сохтани фишори хун ва ба сифати пешоброн давои беҳтарин аст. Хӯрдани нок ҳангоми иллати ғадуди зери меъда, фарбеҳӣ, бемории қанд тавсия дода мешавад. Ду дона нокро баъди хӯрок хӯрда, зардаҷӯшро фаромӯш мекунед.

Нокро пухта хӯрдан ва аз он хӯриш тайёр кардан мумкин. Ҳангоми бронхит ё туберкулез ноки обпаз ё пухта ниҳоят муфид асту оби дар он ноки хушк ҷӯшонидашуда сулфаро табобат, бемории санги пешобдон ва илтиҳоби роҳҳои пешоббарорро сабук месозад. Боз ин мева рагҳоро мустаҳкам месозад, аз ин лиҳоз, ҳангоми бемориҳои рагҳои хунгард тавсия дода мешавад. Барги дарахти нок низ табобатӣ буда, моддаи зидди замбӯруғӣ дорад. Барги дар об ҷӯшонидаи нок ҳангоми дерматит ва бемориҳои замбӯруғии пӯст давои бемисл аст.

Нокро ҳазорсолаҳо барои табобати простатит дар тиби мардумӣ истифода мебурданд. Алакай баъди чанд рӯзи нӯшидани компоти нокӣ фоиданокиаш дарҳол маълум мегардаду дурудароз истеъмоли он мардро табобат мекунад. Агар мард аз 50-сола боло бошад, барои зимистон ноки хасакӣ (кӯҳӣ)-ро захира намоеду то баҳор компоти нокӣ нӯшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД