Formula novemver 2024
Ноболиғи 13-сола худро аз ошёнаи 16-ум партофтааст
23.04.2024
ОИЛА.ТҶ
585

 

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба як навори пурсарусадо, ки дар интернет паҳн гардида буд, вокуниш нишон дод.

- Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки овозаҳо оид ба рабудани кӯдак ва гирифтани узвҳои ӯ, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки хабарҳои мазкурро шаҳрвандон Амонова Хатича Садриддиновна, санаи таваллудаш 15.02.1972 ва Боймадова Фарзона Боевна, санаи таваллудаш 07.04.1988, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дар саҳифаи "Ватсап"-и гурӯҳи хешовандонашон ва волидайни хонандагони муассисаи таълимӣ паҳн намудаанд. Минбаъд хабари мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуда, боиси хавотир гаштани шаҳрвандон ва ба вуҷуд омадани хабару овозаҳои беасос гардидааст. Бо назардошти ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ бо истифода аз интернет тибқи талаботи моддаи 374, иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд ва ба иттилои расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такя намоянд,- хабар дод манбаъ.

Зимнан, ба иттилои шаҳрвандон расонида шудааст, ки санаи 21-уми апрели соли ҷорӣ аз назди партовгоҳи бинои истиқоматии кӯчаи Сино 41 ҷисми ноболиғи 13-сола - Ҳусайнов М. Ҷ. бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст.

- Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ ва санҷиши навори камераҳои назоратӣ муайян гардид, ки номбурда худро аз ошёнаи 16-уми бинои мазкур партофта, даст ба худкушӣ задааст. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад,- меафзояд Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД