Ҳудуди 100 нафар низомиёни тоҷик ба пойтахти Русия - шаҳри Маскав сафар намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар хабар додаанд.
Низомиёни тоҷик дар намоиши калони идона - парад, ки бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба бар фазишми гитлерӣ санаи 9-уми майи соли 2025 дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард. Машқҳои низомӣ барои ширкат дар паради Иди Ғалаба аллакай оғоз ёфтаанд.
Парад ва намоиши идона бахшида ба 80-солагии Иди Зафар бар фашизм дар Майдони Сурх баргузор гашта, қатори намояндагони дигар халқу миллатҳо рӯзи 9-уми май 100 нафар низомиёни тоҷик низ ботантана аз ин майдон мегузаранд.