arzon replenishment
Нишонаҳои суст шудани иммунитети инсон
960

Бо фарорасии фасли тирамоҳ шумораи одамоне, ки дар пушти дари табибон навбат мепоянд, меафзояд. Сабаб дар он аст, ки дар ин айём системаи муҳофизатии ҷисми инсон - иммунитет суст шуда, дигар ба муқобили бемориҳо фаъолона мубориза бурда наметавонад. Табибон сабаби асосии заиф гаштани иммунитетро дар норасоии витамину минераҳо дар ҷисми инсон, нисбатан сардтар шудани ҳаво, кӯтоҳ шудани рӯзҳо ва норасоии нкри офтоб маънидод менамоянд.

Нишонаҳои асосии заиф гаштани иммунитет инҳоянд:

1. Дар ҷисми инсон коркарди ҳормони мелотонин, ки хоби орому бароҳати касро таъмин менамояд, паст шуда, одам худро беҳолу бемадор ва хаста эҳсос мекунад. Қобилияти меҳнатӣ паст шуда, одам хоболуд ва асабонӣ мешавад.

2. Коркарди фаъоли витамини Д3, ки ба организм барои аз худ намудани кальций ёрӣ мерасонад, заиф гашта, боиси рехтани мӯйи сар, бад шудани ҳолати дандонҳо ва зудшикан гаштани нохунҳо мегардад.

3. Ҳар қадаре, ки нурҳои утробунафш камтар шаванд, ҳамон андоза микроорганизмҳое, ки бемориҳои зӯком, ОРВИ ва ОРЗ-ро ба вуҷуд меоранд, бештар шуда, бо ҳамин сабаб касалиҳои сироятӣ авҷ мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД